РАҚАМИКУНОНИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС - ОМИЛИ АСОСИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

22-02-2024
Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон дар ҷараёни таҳсилоти миллӣ, ҳамчун зинаи муҳим ва ҳатмӣ маҳсуб меёбад. Зеро, зарурати такмил додани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба талаботи рӯз ва дар асоси дастовардҳои технологияи таълими фаъол беш аз пеш ба назар мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ки “Бояд ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар истифодаи технологияи иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.
Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” ЮСАИД ба рушди маҳорати касбии омӯзгорон таваҷҷуҳ намуда, дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф платформаи рақамии “Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор”-ро коркард намуд, ки санаи 22 феврали соли 2024 бо иштироки Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Наврӯз Довудхоҷа ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва намояндагони лоиҳа Тереза Миллер, Филип Батерфиелд, Алиев Абдуҷаббор ва дигар меҳмонон ба таври расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Платформа ба ҳозирин аз ҷониби Раҷабов Зикриё мутахассиси лоиҳа ва Мусоева Мафтуна-мутахассиси ширкати Ребус муаррифӣ гардида, таъкид карда шуда, ки ба истифода додани платформаи рақамии “Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор” дар системаи такмили ихтисоси омӯзгорон метавонад қадаме дар рақамикунонии системаи такмили ихтисоси омӯзгорон бошад.
Дар фарҷом муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда баргузор карда шуда, аз ҷониби намояндагони лоиҳа ба Абдулзода Зиёдулло Назар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Наврӯз Довудхоҷа ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф маводи таълимӣ тақдим карда шуд.