РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАД

14-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Вазорати маориф ва илм сол аз сол робитаҳои байналмилалиро густариш медиҳад. Давоми се моҳи соли 2020 15 вохӯрии роҳбарият ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои хориҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор гардида, инчунин, дар ин давра 165 сафари хориҷӣ ба анҷом расидааст.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳайати Шафқат созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, айни ҳол 7 санади дигар дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Дар баробари ин, дар ин давра барномаи Анҷумани 6-уми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои иштирокчии ИДМ омода гардида, бо кишварҳои аъзои Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои иштирокчии ИДМ мувофиқа гардид. Раванди қабули ҳуҷҷатҳои номзадҳо аз кишварҳои узви Шӯрои мазкур ба Фестивали педагогӣ идома дорад.
Дар ин давра, фаъолияти шуъбаҳои робитаҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон вобаста ба самтҳои фаъолият санҷида шуд.
Санҷиш нишон дод, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷатгузорӣ тибқи “Қоидаҳои қабули довталабон-шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда нашуда, асосан талаботи банди 16-и қоида риоя карда намешавад.
Дар ин росто, ба раёсати муносибатҳои байналмилалӣ супориш дода мешавад
- шартномаи ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо, дараҷа ва унвонҳои илмӣ ҷоннок намояд;
- лоиҳаи Протоколи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро оид ба ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилии ҳамасола барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайгирӣ намояд;
- мулоқотҳои дархостшударо бо сафирони кишварҳои муқими Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо омодагии ҷиддӣ ба роҳ монад;
- ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани Анҷумани VI-уми омӯзгорони кишварҳои иштирокчии ИДМ чораҳои судманд андешад.