«РОҒУН» — КАФОЛАТИ РУШДИ БОСУБОТИ ИҚТИСОДИЁТ 

01-08-2022
Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин иншооти аср буда, рушди иқтисодиёти мамлакат аз он вобастагии ногусастанӣ дорад. Бо пурра фаъолият намудани неругоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати саноатӣ табдил ёфта, имконияти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, ки рушди босуботи саноаткунонии мамлакат маҳсуб мешавад, амалӣ мегардад.
Сӣ соли таърихи навини миллати тоҷик давраи басо муҳими таърихӣ буда, дар ин марҳила мардуми тоҷик ба бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ноил гардид.
Яке аз дастовардҳои таърихие, ки дар ин давра рӯи кор омад, ин бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Бояд зикр намуд, ки сохтмони неругоҳи мазкур таърихи тӯлонӣ дошта, ба давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд. Дар солҳои 70-80-уми қарни гузашта бо назардошти афзоиши талаботи аҳолӣ ба неруи барқ ва зиёд гардидани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати бунёди иншооти нави барқӣ-обӣ ба миён омада, дар ин давара лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» дар шуъбаи Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии “Гидропроект” таҳия гардид. Мураттабсозии корҳои техникии лоиҳа соли 1974 шурӯъ шуда, моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расид. Корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ соли 1987 оғоз гардида, 27 декабри ҳамон сол маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Мутаассифона, дар давраи фаъолияти ИҶШС сохтмони неругоҳ ба анҷом нарасид. Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти бунёдшуда пурра хароб гардиданд.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди неругоҳ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав шурӯъ гардид. Президенти мамлакат дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, мақсад гузоштанд, ки сохтмони НБО «Роғун» аз сарчашмаҳои молиявии мамлакат мустақилона роҳандозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шавад. Бо мақсади ба даст овардани истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмин намудани аҳолӣ бо қувваи барқ соли 2008 марҳилаи нави сохтмони НБО-и «Роғун» оғоз гардид.
Ҳамин тариқ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои мардуми бошарафи Тоҷикистон орзуи ҳар як тоҷикистонӣ ҷомаи амал пӯшид. 16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик санаи хотирмону мондагор нақш баста, дар ин рӯз бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шумораи зиёди меҳмонони дохилию хориҷӣ аввалин агрегати ин неругоҳ ба кор дароварда шуд.
Дар ин рӯз Пешвои миллат зикр намуданд, ки “имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар – ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат-Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалини он амалӣ гардид”.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано, ки дар маросими ифтитоҳ иштирок дошт, иброз дошт, ки «ба кор андохтани агрегати аввали лоиҳаи тақдирсоз давраи нави рушди гидроиндустрии муосирро пурра дар худ таҷассум мекунад».
Дар партави талошҳои созандаву мондагори Пешвои миллат 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми неругоҳ низ дар вазъияти тантанавӣ ба кор дароварда шуд. Аҳамияти бузурги неругоҳи «Роғун» дар он аст, ки дар сохтмони он зиёда аз 53 ташкилоти сохтмонӣ ширкат намуда, аз замони татбиқи ин лоиҳаи калонҳаҷм 13300 нафар муҳандисон ва кормандони техникӣ, меъморон ва дигар мутахассисони дахлдор бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бо ин иқдомҳои наҷибонаву созанда метавон хулоса намуд, ки бунёди неругоҳи «Роғун» меваи даврони истиқлол дониста мешавад ва барои кишвари мо манзалати кохи муҳташами нурро мемонад, ки дар рушди босуръати иқтисодӣ ва ба маротиб беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
Ректори Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон
доктори илмҳои таърих, профессор

АМИТ "Ховар"