Роғун кохи нур аст

27-04-2018
Охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ мо, гурӯҳи устодону донишҷӯёни ДМТ, ба НБО-и Роғун сафар намудем. 
Дар ҳудуди шаҳри Роғун он ҷое қарор гирифтем, ки соле қабл ҳайати ҳукуматӣ, рӯзноманигорону наворбардорон ва меҳмонону мутахассисон бо ваҷд ба басташавии пеши роҳи ин дарёи тавлиди нур менигаристанд. Дар ин ҷо ба мо Салоҳиддин Ризоев ном роҳбалад дар бораи хусусиятҳои сарбанд – сухан гуфт. Чӣ ҷои инкор, ки қоидаҳои сарбандсозиро намедонистам ва ба ӯ савол додам:
– Девори бетониву сементии ин сарбанд дар куҷост? 
– Кӣ гуфт, ки сарбанд аз бетону семент аст? Ин фикри шумо хато аст. Сарбанд аз сангу шағали махсус бо коркарди қабатҳои гилу хоки санҷидашуда иборат мешавад ва он даҳҳо маротиба аз сементу бетон беҳтар аст, – гуфт акои Салоҳиддин. 
Аз ин нуқта танҳо ба чанд ҷои сохтмон назар карда метавонед. Сохтмону бунёдкорӣ дар авҷ аст. Техникаҳои вазнин сангу шағал мекашанд. Дар техникаи дигар ҳар гуна таҷҳизотро мебаранду меоранд. Дирӯз дар ин ҷо борон боридааст ва роҳҳо андаке пуробу лой гаштааст. Дар синаи кӯҳ экскаваторе аз баландии 300-400 метр сангу харсангҳоро ба поён мерезонад. Ба он ҷо баровардану кор кардани экскаватор бинандаро ба ҳайрат меовард.
Нақлиёти мо ба сӯи нақбҳо ба роҳ медарояд. Дохили нақб садои пурваҳм дорад. Тақу туқ, ба ҳам бархӯрдани оҳанҳо, ғурриши техникаҳои вазнин, садои муҳаррикҳои ҳавотозакунанда, гоҳ-гоҳе шоридани об аз тани нақб ва амсоли он шахси аввалин бор воридшударо ба таҳлука ҳам меорад. Аҷиб аст, вақте ки дохили нақбҳои тӯлонӣ шумо дар ҳаракатед. Хаёл мекунед, ки нақби Истиқлолу Анзобу Шаҳристонро гузашта истодаед. Назар ба нақли ронанда, дарозии нақбе, ки рафта истодаем, аз як километр зиёд аст. Ҳар бинанда  ба ҳайрат меояд, ки чӣ қадар неруву заҳмат барои кандани ин нақбҳо сарф шудааст. Маълум шуд, ки шумори ин нақбҳои ёрирасон 49-то мебошад. Дар фосилаҳои гуногун дар пеши назари шумо нақбҳои нав ба нав ба назар мерасанд. Каҷу килеб, росту чап, болову поин, хулоса, мо дар олами нақбҳо қарор дорем. Дар ҳамаи онҳо равуои техника дида мешавад. Мусофирону коргарон савори техникаҳои мусофирбар ҳамдигарро дар бастҳо иваз менамоянд. Дар минтақаи дигари сохтмон қарор дорем. Дарёи саркаши Вахш тариқи нақби бузурге, ки  маҷрои худро тағир додааст, бо ҳайбате берун меояд. Дар қитъаҳои зиёд кор рафта истодааст ва чун ба маҳсули меҳнати чандинсола менигаред, дил мехоҳад, ки чанд рӯз бидуни суоле фақат ба ин ҳама нигоҳ кунед. Идора кардани ин сохтмон, ки қариб 19000 нафар корманд ва зиёда аз 2000 техника дорад, ин худ қаҳрамонист.
Боз ҳам тариқи нақби махсус мо ба пеш меравем. Он ҷое омадем, ки онро дили неругоҳ номидан мумкин аст. Аҳсан ба донишу муъҷизаи дасти инсон, ки чунин эъҷоз дорад. Хаёл мекунам, ки дар меҳмонсарои синаи кӯҳҳои Роғун қарор дорам. Ин қадар синаи кӯҳро шикофтан ба ақлу фаҳмиш рост намеояд. Кӯҳҳое, ки на аз хоки одӣ, балки аз сангу шахҳои дурушт иборат шудааст. Дар зери кӯҳ, дар холигаҳҳои сунъӣ чандин бинои серошёна ҷо гирифта метавонад. Тариқи зинаҳои оҳанин гоҳ болову гоҳ поин фаромада, ба толори мошинҳо меоем. Ин роҳ хеле дароз ва пурпечутоб аст. Аҷибу ҳайратангез аст, ки баъд аз обу лою чангу хок шумо гӯё ба кадом як идораи хуштарҳу тозаву озода ворид мегардед. Утоқҳо, ошхонаҳо, маҷлисгоҳҳо ҳар кадом аз ҳастии шаҳре дар зери кӯҳ гувоҳӣ медиҳад. Инак, дар назди аввалин агрегате қарор дорем, ки он баъди чанд моҳе ба кор хоҳад даромад. Он дар шакли омода бо рупӯши этиленӣ ҷои худро ёфтааст ва чун манбаи умеди халқи тоҷик моҳу рӯзу соати наздике ба кор хоҳад даромад. Баландии холигаҳҳои синаи кӯҳ  даҳҳо метрро ташкил медиҳад. Коргарон 12 соат дар ин ҷо қарор мегиранд ва басти навбатӣ онҳоро иваз менамояду аз ин ҷо берун мешаванд. Устуворгардонии ҳар ваҷаби девораҳои нақбҳои афсонавии ҳайратбахш бо масъулияти баланд идома дорад…
Баъди чанд соати дохили нақбҳо будан берун меоем. Дохили нақбҳо торик нестанд. Аммо вақте ба берун мебароед, нури офтоб чашми шуморо хира месозад. Ин як рамзи аҷибу пурасрорест, ки гӯё НБО-и Роғун ба шумо мегӯяд, ки рӯшноӣ чӣ арзише дорад. Ба маркази ситоди сохтмон омадем. Гурӯҳи дастаи ҳунарии донишгоҳ ба сохтмончиёни неругоҳ барномаи ҳунарии худро тақдим менамуд. Аз нигоҳи сохтмончиён хастагиро дарёфтан душвор аст. Онҳо болидахотиранд. Роҳбарияти сохтмон низ сарфи назар аз шиддати кору талошҳо вақт ёфта назди мо омаданд. Бардошти мо аз ин сафар бузург буд. 
Бахтиёри Қутбиддин,
мудири кафедраи
журналистикаи байналхалқии ДМТ