Рушд ва дурнамои ҳамкориҳо

14-05-2018
14 майи соли равон дар «Кохи афсарон»-и пойтахти мамлакат дар доираи Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони зиёда аз 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва  томактабии Ҷумҳурии Белорус мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳамкории ҷумҳуриҳои Белорус ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф: вазъ, дурнамо ва рушд» доир гардид. Вохӯрӣ, ки хеле самимӣ гузашт, бо сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев шурӯъ шуда, мавсуф изҳор намуд, ки муносибатҳои ҳамкории ҳар ду ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳои калидӣ, пеш аз ҳама, маориф бо ташаббус ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко ба таври назаррас вусъат меёбад. Ҳадафи асосии чорабинии имрӯза дарёфти роҳҳои боз ҳам наздики ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва томактабӣ мебошад. Ҳоло қариб ҳамаи муассисаи таҳсилоти олии касбии Белорус, ки намояндагонаш имрӯз дар мизи мудаввар ширкат доранд, бо донишгоҳҳои алоҳидаи кишвари мо муносибати дӯстона барқарор кардаанд. Дар ду донишгоҳи мамлакат факултетҳои муштараки Тоҷикистону Белорус фаъолият мекунанд ва таъсиси боз як факултет дар назар дошта шудааст. Дар баромадҳои ректорони Донишгоҳи давлатии педагогии Белорус ба номи Максим Танк А. И. Жук, Донишгоҳи миллии техникии Белорус С. В. Харитончик, декани факултети Донишгоҳи давлатии Полессия И. А. Янковский, директори Маркази миллии бачагонаи «Зубрёнок» Н. Г. Онуфриева зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорус 1200 нафар ҷавонони тоҷик таҳсил  мекунанд ва онҳо бо одобу аҳлоқи ҳамида, хониши хубу аъло номбардори кишвари офтобии моанд, тарафи Белорус хоҳишманди ҳамкориҳо дар зинаҳои дигари таҳсилот мебошад. Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Х. Бобоев –сардори маркази маркетинг ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон, М. Абдуллоев- муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ва дигарон аз он изҳори хушнудӣ карданд, ки муносибатҳояшон бо ҳамкасбони белорус торафт наздик мегардад, хоҳишманди онанд, ки омода кардани мутахассисони соҳаи педагогӣ ва техникӣ минбаъд бештар мадди назар дошта шавад.
Дар доираи Намоишгоҳи миллӣ боздиди меҳмонон аз бисёр муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи касбӣ, Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Мактаби байналмилалии Президентии пойтахт, тарғибу ташвиқ ва рӯнамоии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Белорус, суҳбату мулоқотҳо бо дохилшавандагони тоҷик дар назар дошта шудааст.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон