РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДАР СОҲАИ МАОРИФ

15-02-2024
Имрӯз дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Вазорати маориф ва илм таҳти роҳбарии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо ҳайати Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мануэл Микаллер вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи лоиҳа ва барномаҳое, ки аз ҷониби Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи маориф ва илм маблағгузорӣ мешаванд, ба роҳ монда шудааст ва ин ҳамкориҳо дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд карда истодааст.
Қайд карда шуд, ки ҳамкории вазорат бо сафорат ва ниҳодҳои амрикоии муқими Тоҷикистон ба мисли Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ЮСАИД) ва Шурои амрикоӣ оид ба таҳсилоти байналмилалӣ хуб ба роҳ монда шудааст, ки аз ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо шаҳодат медиҳад.
Сипас, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» китобҳои дарсии «Забони англисӣ» барои хонандагони синфҳои 10-11 ва дастурҳои методӣ  барои омӯзгорони забони англисӣ ва китобҳои дарсии фанни забони англисӣ барои синфҳои 6, 7, 8 ва 9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муаррифӣ гардид.
Мануэл Микаллер омодагии ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ҷиҳати вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ба манфиати ҷонибҳо иброз дошта, ҷиҳати ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну омӯзгорон ишора кард.
Ёдовар бояд шуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 2023 тавассути Ташкилоти ҷамъиятии «Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» китобҳои дарсии «Забони англисӣ» барои хонандагони синфҳои 10-11 ва дастурҳои методӣ барои омӯзгорони забони англисӣ бо теъдоди умумии 242 000 нусха нашр гардиданд. 
Дар доираи ин ҳамкориҳо аз ҷониби «Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» китобҳои дарсии фанни забони англисӣ барои синфҳои 6, 7, 8 ва 9-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия шудааст, ки айни замон мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҷониби муассисаҳои экспертии соҳа мавриди арзёбӣ қарор дода шуда истодааст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, барномаҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, нашри китобҳои дарсии забони англисӣ давра ба давра, омӯзиши забони англисӣ ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон