РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО МАЛАЙЗИЯ ДАР САМТИ МАОРИФ

21-05-2024
Мулоқоти навбатии вазири маориф ва илми Чумхурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олии Малайзия ҷаноби Замри Абд Кадир доир гардид.
Дар мулоқот вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар асоси санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ҳамасола довталабони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Малайзия дохил мешаванд. Айни замон 100 нафар донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Малайзия таҳсил менамоянд, ки ин гувоҳи ҳамкориҳои муваффақонаи дуҷониба мебошад.
Дар навбати худ вазири таҳсилоти олии касбии Малайзия аз ҳамкориҳои ҳасанаи ду ҷониб ёдовар шуда, масъалаҳои ҷудо намудани квотаҳои таҳсилӣ, махсусан дар самти иқтисод, илмҳои дақиқ, бастани ёддоштҳои тафоҳум миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар , таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмиллалии ал-Бухориро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки муҳлати шартномаҳои дуҷониба дароз ва пешниҳодҳои муфид ба шартномаҳо дар таҳрири нав ворид карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми ҷаҳонии "Маориф-2024" дар шаҳри Лондони Британияи Кабир қарор дорад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон