РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУССИЯ

06-10-2023
6 октябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи Форуми дуюми ректорони Тоҷикистону Белоруссия дар шаҳри Минск аз Донишгоҳи миллии техникии Белоруссия дидан кард. Вазири маориф ва илм дар Донишгоҳи миллии техникии Белоруссия аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белоруссия дар соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, қайд намуд, ки имкони боз ҳам бештар рушд додани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Белоруссия мавҷуд аст ва аз он бояд истифода кард. Дар доираи боздид вазири маориф ва илм аз лаборатория ва парки технологии донишгоҳи мазкур дидан карда, бо дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ шинос шуд.
Ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи миллии техникии Белоруссия пешсафтарин муассисаи таълимӣ дар самти муҳандисӣ дар Ҷумҳурии Белоруссия аст. Таърихи ДМТБ аз соли 1920, вақте ки Институти политехникии Белоруссия ташкил карда шуд, оғоз ёфта, зиёда аз 200 ҳазор нафар мутахассисон онро хатм кардаанд. Донишгоҳ яке аз калонтарин ва куҳантарин донишгоҳҳои Белоруссия мебошад. Имрӯз он ягона донишгоҳ дар кишвар аст, ки мақоми миллӣ дорад.
Қисми зиёди маҳсулоти Белоруссия аз қабили тарҳи биноҳои истикоматӣ, купрукҳо, роҳҳо, стансияхои электрикӣ, метро, автомобилҳо бо иштироки дастпарварони ДМТБ сохта ва истеҳсол карда мешаванд.
ДМТБ бо беш аз 30 кишвар – Русия, Чин, Олмон, Испания, Италия, Лаҳистон, Перу, Англия, Литва, Латвия ҳамкорӣ дошта, дар он аввалин Донишкадаи илм ва технологияи Конфутсий дар ҷаҳон фаъолият мекунад.
Раҳим Саидзода ба фаъолияти ДМТБ баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо ин донишгоҳ бояд ҳар чӣ бештар вусъат дода шавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон