Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм

10-11-2021
10-уми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров баргузор гардид.
Ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт, аз ҷумла, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳардуҷониб, анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ибрози андеша намуданд. 
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 13 августи соли 2007 ба роҳ монда шудааст. 
Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон 24 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд ва тибқи муқаррароти Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ аз моҳи августи соли 2018 ҳамасола ҷонибҳо 4 бурсияи таҳсилӣ барои се зинаи таҳсилот ҷудо мекунанд. Робитаҳои илмии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба инкишоф ёфта, имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳсил доранд. 
Дар идомаи вохӯрӣ сафир Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров зикр кард, ки охири моҳи ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби сафорат коференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 880 – солагии шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Низоми Ганҷавӣ баргузор мегардад ва даъват ба амал овард, ки олимону муҳаққиқони ҷониби Тоҷикистон дар ин маросими муҳташам иштироки фаъол дошта бошанд.
Мавриди тазаккур аст, ки айни ҳол лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишкадаи давлатии нафту саноати Озарбойҷон бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва лоиҳаи созишномаи сеҷониба миёни Академияи дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқаи тарафҳо буда, дар марҳилаи баимзорасонӣ қарор дорад. 

Бахтовар Сафаров