Сабқат пуршиддат гузашт

21-05-2018
Олимпиадаи фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки ду рӯз (18-19 май) баргузор гашт, нишон дод, ки рақобати муҳассилини ин таълимгоҳҳо сол аз сол пуршиддат мегардад. Агар соли 2012 дар ин озмун намояндагони 29 коллеҷ ширкат дошта бошанд, ин рақам соли гузашта ба 54 расида, имсол аз 66 муассиса намояндагони 64 муассиса ба озмуни фаннӣ ҳозир шуданд, ки 407 нафарро ташкил дода, аз соли гузашта 123 нафар зиёд аст. 
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар маросими ифтитоҳи олимпиада дар саҳни ҳавлии бинои таълимии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ воқеъ дар маҳаллаи Ҷавонони пойтахт оид ба ҳадафҳои олимпиадаи фаннӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дастовард, мушкилот ва дурнамои он суханронӣ намуда, пешниҳод намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, тайёр кардани кадрҳои чашмикордон, ҳавасмандии донишҷӯёну устодон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ низ озмунҳои гуногун, чун номӣ, ихтисосӣ, гурӯҳи фанҳо ва ғайра гузаронда шаванд. Сипас, иштирокчиён аз рӯйи ҳафт фан: математика, химия, биология, забони русӣ, тоҷикӣ, англисӣ, таърих байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.  
Рӯзи дуюм дар толори бинои асосии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ маросими ҷамъбасти олимпиада доир гардид. Муовини вазири маориф ва илми кишвар С. Давлатзода аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ҳарф зада, қайд кард, ки дар ҳақиқат озмуни имсола бо шаффофият, фаъолиятмандии бештари донишҷӯён, устодон ва роҳбарияти коллеҷҳо фарқ мекард. Дар ҳақиқат, барои ҳар як ҷой сабқаткунандагону раҳнамоёни онҳо- устодон муборизаи шадид мебурданд. Ин аст, ки баррасии муроҷиати иштирокчиён (аппелятсия) аз муҳлати муайяншуда зиёд давом кард. Аксарияти иштирокчиён ба баҳои баландтар умедвор шуда, барои нишон додани сатҳи саводи ҳақиқии худ, баъзеҳо барои ҳисси худхоҳӣ, якравӣ аризаи аппелятсионӣ пешниҳод карда буданд. Хусусан, аз фанҳои биология, математика ва иншо даъвогарон бештар буданд. Устоди куҳансоле барои қаноатманд кардани даъвогар муддати тӯлонӣ роҳи ҳалли масъалаеро нишон медод. Дар натиҷа дурустии қавли баъзе мутахассисон дар бораи он ки устодони санҷишгар ва онҳое, ки шогирдонашон ғолиб мебароянд, бояд ҳавасманд карда шаванд, аён мегардид. Воқеан, дар ин бобат аз таҷрибаи мамлакатҳои тараққикардаи хориҷӣ, ки ба ин кор сарпарастон ва шахсони алоҳидаи ғамхори таълиму тарбияро ҷалб мекунанд, метавон истифода бурд. 
                
Ҳамин тавр, дар ҷамъбаст Коллеҷи техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ соҳиби ҷойи аввал, Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи Х. Махсумова -дуюм ва Коллеҷи тиббии шаҳри Ёвон соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо Дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва мукофотҳои пулии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадршиносӣ карда шуданд. Ба иштирокчиёни фаъоли озмун Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақдим гардид. 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон