Сабринаи Нигин-ғолиби озмуни «Ирфон»

20-02-2019
19-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон маросими ҷоизасупории лоиҳа-озмуни телевизионии «Ирфон»-и Телевизиони Тоҷикистон доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Телевизиони Тоҷикистон, иштирокчиёни озмун ва хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ ширкат намуданд.
Барномаи «Ирфон»-и Телевизиони Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2018 оғоз ёфта, беш аз 100 нафар номнавис гардид ва дар рафти барнома 34 нафар довталаб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуд. Барнома дар ду давр доир гардида, аз 34 нафар иштирокчӣ 7 нафар ба даври дуюм (даври ниҳоӣ) роҳ ёфт, ки дар ниҳоят аз онҳо 5 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Сабринаи Нигин – хонандаи синфи 7-и мактаби №33 аз шаҳри Душанбе бо дар назардошти мутолиаи пурраи 356 адабиёт соҳиби Шоҳҷоиза-Китоби тиллоӣ, Амирҳамза Абдуллоев – хонандаи мактаб аз ноҳияи Шаҳринав барои мутолиаи 435 адабиёт соҳиби ҷойи аввал, Шаҳрибону Абдуллоева - хонандаи мактаб аз ноҳияи Шаҳринав барои мутолиаи 700 адабиёт соҳиби ҷойи дуюм ва Комилзода Фирӯз-корманди ҳафтаномаи «Пайрав»» барои мутолиаи 350 китоб ва Зуҳро Ниёззода – донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои мутолиаи 218 адабиёт соҳиби ҷойҳои сеюм гардиданд.
Бояд қайд кард, ки дар озмун на танҳо мутолиаи китоб, балки ба ҳайати ҳакамон ба ғайр аз пешниҳоди адабиёти хондашуда, сареҳияти посухҳои додашуда ба саволҳои доварон, ҳозирҷавобӣ, огоҳ будан аз хатти сужа, маълумот дода тавонистан оид ба қаҳрамонҳои асар, нақл намудани порчаҳои ҷолибу хотирмони китоб, нутқи бурро доштан, дар бораи муаллифи китоб маълумот доштан ва ғайраҳо низ ба назар гирифта шудаанд.
Ғолибону иштирокчиёни озмун бо «Сипоснома» ва китобҳои бадеии тозанашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ширкати «Рухом», ширкати сохтмонии «Авитсена» ва ширкати қаннодии «555» сарфароз гардонида шуданд.