Садриддин Айнӣ – маорифпарвар

10-07-2018
Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ аз зумраи чунин адибонест, ки мавзӯи илму донишро дар маркази диққат гузошта, дар эҷодиёташ пайваста рӯ ба мактабу маориф овардан ва аз худ намудани илму донишро  талқин намудааст.
Имсол тамоми мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла намояндагони илму адаб 140-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айниро истиқбол намуданд. Ба ин муносибат дар тамоми қаламрави кишвар ҷамъомаду нишастҳои адабию илмӣ баргузор гашт. Дар рафти ин чорабиниҳо китобу маҷмӯаҳои зиёд аз ҷониби олимону адабиётшиносони дохил ва хориҷи  кишвар таълиф гардиданд, ки ҳар яки он бозгӯи хизматҳои шоёни устод Садриддин Айнӣ дар ҷодаи  илму адаб ва моарифу фарҳанг мебошанд.
Яке аз чунин асарҳо маҷмӯаи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии доирнамудаи Вазорати маориф ва илм ба ифтихори 140-солагии устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки бо номи «Садриддин Айнӣ – маорифпарвар» аз ҷониби муҳаққиқон Хуршед Зиёӣ, Обидҷон Маҳмудзода ва Эҳсон Сафарзода таҳия ва зери назари доктори илми фалсафа, профессор Саид Нуриддин Саид бо теъдоди 300 нусха ба табъ расидааст. Дар ин маҷмӯа мақолаҳои олимон ва донишмандони ҷумҳурӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ  ҷамъоварӣ шудааст.
Тавре дар пешгуфтори он қайд шудааст, маҷмӯа барои устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва муҳаққиқон пешбинӣ гардидааст.
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО