САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ Н.СОБИРЗОДА БА ВИЛОЯТИ СУҒД

29-03-2021
Дар асоси дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва сохтмони иншооти соҳаи маориф дар вилояти Суғд, аз ҷумла рафти корҳои сохтмонӣ дар мактаби байналмилалии шаҳри Исфара, бинои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва оғози корҳои лоиҳакашию сохтмонии мактаби аз ҷониби Федератсияи Россия сохташаванд гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Н.Собирзода ба вилояти Суғд сафар намуданд.
Зимни сафар гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳрҳои Хуҷанду Исфара мулоқот анҷом дода, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф ба масъулин дастуру пешниҳодҳои зарурӣ ироа намуданд.