Сафари кории вазир ба ноҳияи Муъминобод

15-06-2020
Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз вазъи соҳаи маориф ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ вазири маориф ва илм М.Имомзода ба ноҳияи Муъминобод сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар ба ноҳияи мазкур вазир аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 7, 9, 10 ва 19 дидан намуда, ҳангоми боздид аз муассисаҳои мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҷониби Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) сохтмони 10 синфхона барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №9 деҳаи Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ идома дорад ва он дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад.
Илова ба ин, дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Бонки Исломии Рушд дар ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангдара, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №7 деҳаи Туту ва сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №10 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Бӯстон ба рӯйхати иншооти сохташаванда ворид карда шудааст.
Дар баробари ин, дар муассисаҳои таълимии номбурда вазири маориф ва илм М.Имомзода бо омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ доир ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф, риояи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мусоидат намудан дар самти пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, инчунин, самаранок истифода бурдани заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021», ҳамкории волидайн бо мактабу омӯзгор, омодагии муассисаи таълимӣ ба соли нави таҳсил ва чанде дигар мубодилаи афкор намуданд.