САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА НОҲИЯИ ФАРХОР

06-06-2023
Имрӯз, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зимни сафари корӣ ба ноҳияи Фархор аз вазъи сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии №14 - и деҳаи "Иттифоқ" дидан ба амал овард. Дар ин сафари корӣ вазири маориф ва илмро сардори раёсати маорифи вилоят ва дигар масъулон аз мақомоти маҳаллӣ ҳамкорӣ намуданд. Бинои нави муассисаи таълимӣ барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Агар яке аз сабабҳои ба сохтмони бинои нави таълимӣ низ пайдо кардани муассисаи мазкур дар кӯҳна будани бинои асосӣ (сохтмонаш соли 1938 буд) бошад, пас сабаби дигараш дар сол ба сол зиёд шудани шумораи хонандагон маҳсуб меёбад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чораандешӣ карда, дар заминаи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои маблағгузор ҷиҳати бунёди бинои наву замонавӣ мусоидат карда истодааст.
Вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро бо омӯзгорони муассисаи таълимии №14 -и ноҳияи Фархор мулоқот намуда, аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид. 
Гуфта шуд,ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат маҳз бо дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат соҳаи маориф бо хубӣ рушд намуд ва барои таълиму тарбияи насли наврас шароити беҳтар муҳайё гардид. Ҳамасола даҳҳо муассисаҳои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд,ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат дарак медиҳад.
Сипас, дар хусуси мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳамкории падару модарон бо муассисаи таълимӣ, мусоидат дар баланд бардоштани сифати таълим, иҷрои вазифаву уҳдадориҳои омӯзгорон, гузаронидани давраи таътили тобистона ва таъмири ҷории муассисаи таълимӣ изҳори назар гардид.


Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон