САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВАРЗОБ, АЙНӢ, ИСТАРАВШАН,БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ИСФАРА

08-10-2022
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд ҷиҳати боздид аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зарардида дар муноқишаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва расонидани кӯмак ба омӯзгорон ва хонандагони зарардида, инчунин бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия ва омодагӣ ба фасли зимистон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, шаҳри Истаравшан дидан намуд.
Ҳангоми шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Варзоб дар пешбурди фаъолияти таълимии муассиса баъзе мушкилоту норасоиҳо, аз қабили ба таълиму тарбия машгул будани омӯзгорони ғайритахассус, тибқи талабот нагузоштани ҷадвали дарсӣ, сари вақт пур накардани журналҳои дарсӣ, дар ҳолати корӣ қарор надоштани ҷевонҳо ва ғайра ба мушоҳида расид.
Вобаста ба ин ва дигар ҳолатҳо ба масъулини муассисаи таълимӣ, аз ҷумла ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин, дар рафти сафари корӣ вазири маориф ва илм аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 деҳаи Оби зулоли шаҳри Истаравшан, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ба номи Аминов Неъмати шаҳри Истаравшан дидан намуд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур вазир ба вазъи таълиму тарбия, норасоии омӯзгорон, ташкили мафҳилҳо, дарсҳои иловагӣ, кружокҳо, дастраси хонандагон ва омӯзгорон гардидан ва аз худ кардани Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (400 луғат), омодагӣ ба фасли зимистон ва ғайраҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Аз ҷониби вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳо дода шуд. Ҳамзамон, ба кормандони дастгоҳи вазорат дастур дода шуд, ки масъалаҳои мазкур дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад.