САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҲИМ САИДЗОДА БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

05-03-2022
5-уми марти соли 2022, дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия ҷаласаи корӣ баргузор гардид. 
Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода сухан карда, аз саҳми сокинони ноҳияи мазкур дар бунёду баргузории 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд ва барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни мазкур ба сокинони ноҳияи Кӯшониён изҳори сипос намуд. Инчунин, дар бораи ғамхорӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар кард. Бо ёдоварӣ аз таъкидҳои Роҳбари давлат зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон ёдовар гардида, афзуд, ки дар ислоҳи камбудию норасоӣ ва эродҳои Пешвои миллат ҳамаи имкониятҳоро истифода намудан зарур мебошад. 
Гуфта шуд, ки дар масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва бештар кардани сохтмони иншооти таиноташ гуногун, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, ташкил намудани филиалҳои марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ, зиёд кардани майдони заминҳои кишоварзӣ ва бештар намудани ҳавасмандгардонии кормандони соҳаҳои гуногун бояд тадбирҳои ҷиддӣ андешида, камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуд. Ҳамзамон, Раҳим Саидзода аз ҷой нагирифтани омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” изҳори нигаронӣ намуда, барои омода намудани шогирдони босавод дар ин росто дастури қатъӣ дод.
Масъалаи дигаре, ки мавриди таъкиди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода қарор гирифт, ин аз атестатсия гузаронидани мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ буд. Изҳор дошт, ки мудири шуъбаи маориф ва директори муассисаи таълимӣ танҳо шасони арзанда, донишманд, соҳибтаҷриба ва кордон таъин карда шаванд. Тартиби коргузориро беҳтар намуда, сифати дониш ва таълиму тарбия, ҳамкорӣ бо падару модарон, ишғоли ҷойҳо дар озмуну олимпиадаҳоро бештар намоянд. Дар ин раванд, оид ба пешгирии пулситонӣ дар муассисаҳои таълимӣ таъкиди ҷиддӣ намуда, илова намуд, ки дар чорабиниҳо барои либос ва дигар корҳои ташкилӣ набояд кормандону хонандагон иҷборан ҷалб карда шаванд. Омодагӣ ва дигар корҳои ташкилӣ берун аз соатҳои дарсӣ ба роҳ монда шаванд, ба раванди таълим набояд халал расонида шавад.
Сипас, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода сухан карда, ба вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода  барои аввалин ташриф ба ноҳияи Кӯшониён ва миннатдориву бовариашон изҳори сипос намуд. Қайд кард, ки бошандагони ноҳияи мазкур дар самти ислоҳи эродҳои гирифташуда ва амалӣ намудани пешниҳодҳо чораандешӣ карда, барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ тамоми неруи худро истифода хоҳанд кард.