Сайёҳӣ - рушдбахши Тоҷикистон

11-05-2018
Сайёҳӣ яке аз намудҳои машҳури истироҳат, ошноӣ бо мавзеъҳои таърихӣ ва фусункориҳои табиат мебошад. Гузашта аз ин, дар замони муосир сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. 
Раванди сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар асоси тақозои иқтисоди бозоргонӣ муносибатҳои сифатан нав нисбат ба ташкил ва омода намудани мутахассисонро дар мактаби олӣ талаб мекунад.  Саёҳат маънии сафар, сайругашт дар вақти холӣ (рухсатӣ, таътил ва ғайра), намудҳои истироҳати фаъол, воситаи солимӣ ва  инкишофи маънавию иҷтимоии шахсиятро дорад. Дар таҷрибаи байналмилалӣ ба гурӯҳи сайёҳон ҳамаи шахсоне, ки муваққатан ва ихтиёрӣ макони зисти худро бо ҳама гуна мақсад, ба ғайр аз  манфиатҷӯӣ иваз мекунанд, дохил мешаванд.
Вохӯриҳо ва муоширати дилписанд бо табиат ва одамони нав оғози иҷтимоии саёҳат мебошад. Зеро мақсади асосии ҷомеаи инсонӣ офариниши шаклҳои муоширати одамон аст, ки талаботи оқилонаи онҳо, аз ҷумла, тавассути саёҳат  қонеъ гардонида мешавад. 
Кашфиёт ва донистани чизи нав яке аз одатҳои табиии инсон аст, ки  дар шароити қолабии зиндагӣ заиф гардида, дар мавриди сафар фаъол мешавад. 
Дар илми саёҳатшиносии байналмилалӣ саёҳатро ҳамчун хориқаи иҷтимоӣ маънидод мекунанд. 
Аз нуқтаи назари таҳлилгарон ва мутахассисони соҳа, пояи асосии инкишофи сайёҳии байналхалқиро омилҳои зерин ташкил медиҳанд: 
1. Инкишофи иқтисодиёт ва пешрафти иҷтимоӣ ба васеъ гардидани сафарҳои корӣ ва мақсадҳои маърифатӣ мусоидат мекунад;
2. Мукаммал гардидани тамоми хароҷотҳои нақлиётӣ ва нархи сафарҳоро арзон намудан ба рушди сайёҳӣ боис мегардад.
Имрӯз ба шарофати инкишофёбии сайёҳӣ маҳдудияти берун баровардани валюта дар аксари мамлакатҳо суст гардида, убури сарҳадҳо соддатар шудааст.    
Мақоми сайёҳии муосир дар маҷмӯи дараҷаи таъсироти самарабахши вай ба сифат ва дарозумрии одамон муайян карда мешавад. Бинобар ин, дар саёҳат мафҳумҳои тиббӣ – физиологӣ, иқтисодӣ ва самаранокии иҷтимоии сайёҳӣ истифода бурда мешаванд.
Сайёҳӣ вобаста ба неруи баланди пурсамари худ қудрати дар як муддати кӯтоҳ қонеъ кунонидани талаботи максималии рекреатсионӣ дошта, нисбат ба дигар намудҳои машғулият дорои қобилияти нисбатан баланди манфиати пешгиринамоист.       Дар оғози соли 1997 дар шаҳри Бремени Олмон дар таърих якумин конфронс бахшида ба сайёҳии кайҳонӣ баргузор гардид ва эълон шуд, ки дар оянда хоҳишмандон  дар кайҳон истироҳат карда метавонанд.  Намояндаи Агентии сайёҳии кайҳонии «Спейг – Тур» (Олмон) Хартмут Миллер иттилоъ дод, ки лоиҳаи барномаи сохтмони якумин дар ҷаҳон меҳмонхонаи кайҳонӣ тартиб дода шудааст ва то соли 2025 амалӣ хоҳад гашт.  Бо ибтикори  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ин амали хирадмандона, аз ҷумла, ба бештар маъруфият пайдо кардани кишвари мо дар арсаи ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.   Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ, олимон, рӯзноманигорон ва нависандагон ва кулли қаламкашон дар бораи рушди сайёҳӣ асарҳои тоза ба тоза эъҷод менамоянд.  Лозим аст, ки дар таълимгоҳҳо ба масоили сайёҳӣ ва моҳияту аҳамияти онҳо бештар таваҷҷуҳ намоем. Дар макотиби олӣ бояд фаъолияти кафедраҳои сайёҳӣ тақвият бахшида шавад. Интизор меравад, ки  дар соли 2020 аз ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва табиати зебои он беш аз 1 миллиарду 900 нафар  сайёҳ дидан хоҳанд кард. Ин гуна пешгӯӣ, аз ҷумла, чунин маънӣ дорад, ки миллионҳо нафар дар соҳаи сайёҳӣ ба ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. 
Сарвиноз Давлатбоева, 
унвонҷӯи ПРМ
ба номи А. ҷомии АТТ,
муаллимаи калони кафедраи менеҷмент ва сайёҳии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов