Саҳми устод Айнӣ ва дар эҳё ва рушди маориф

13-04-2018
13 апрели соли равон ба муносибати 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар толори ДҶТИБКСМ –и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявии «Садриддин Айнӣ-маорифапарвар» баргузор гардид. Чорабинии сатҳи баландро, ки дар он намояндагони тамоми сохторҳои маориф, донишмандону устодон аз донишгоҳу пажӯҳишгоҳои илмии мамлакат ширкат варзиданд, бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки ҷашни зодрӯзи устоди суханварони тоҷикро аҳли маориф тибқи нақшаи чорабиниҳо гузаронда, имрӯзҳо ба ин монанд дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомаду шабнишинӣ ва конфронсҳо доир мегарданд, асарҳои устод бознашр гашта, китобу дастурҳои илмиву таълимӣ ба нашр мерасанд.
Сипас, аҳли толор маърӯзаҳои академики АИ ҶТ, ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Н. Салимӣ «Сайқалгари оинаи таҷдид», сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар Э. Сафарзода «Инъикоси масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ дар публитсистикаи устод С. Айнӣ», ҷамъ 10 маърӯзаро шунида, дар атрофи он баҳсу муҳокимаҳо доир намуданд. Бояд гуфт, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ният дорад маърӯзаҳо пешниҳодшударо дар шакли маҷмӯа чоп намояд. Маърӯзаҳо асосан ба масъалаҳои саҳми устод Садриддин Айнӣ дар рушди маорифу фарҳанг, таҳияи китобу дастурҳои таълимӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи халқи тоҷик бахшида шудаанд.


       
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон