САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ МАКТАБИ №7-И НОҲИЯИ ХУРОСОНРО БА ИСТИФОДА ДОДА, АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАКТАБИ НАВБУНЁД ДАР ДЕҲАИ ОБШОРОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ДИДАН НАМУД

19-12-2020
   19-уми декабри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бинои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Хуросонро  дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
   Зимни ифтитоҳ зикр гардид, ки муассиса барои 320 ҷойи нишаст бо томоми шароит барои хонандагон пешбинӣ шуда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ пурра муҷаҳҳаз гардидаанд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи хуб гузаронидани фасли сармо муассиса бо гармкунакҳои  буғӣ таъмин буда, хонандагон бо компютеру дигар таҷҳизоти муосири иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин мебошанд.
   Гуфта шуд, ки бунёди чунин иншооти замонавӣ дар деҳоти дурдасти кишвар боис мегардад, ки сатҳу сифати хониши хонандагони деҳот баланд гардида, иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бештар ба роҳ монда шавад. 
  Ҳамзамон, 19-уми декабри соли равон дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода аз рафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.
   Дар доираи ин сафар аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимии навбунёд дар деҳаи Обшорон, ки барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, боздид сурат гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба анҷом расида, рангубор ва як қатор корҳои хурди дохилӣ боқӣ мондаанд, ки тибқи нақша бояд то ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шароиту имконоти таълимии муосиру замонавӣ пурра омода гардад. 
   Бинои муассиса аз се ошёна иборат буда, бо усули меъмории муосир сохта шуда, дар он китобхона, толори варзишӣ, синфхонаҳои алоҳидаи фаннӣ ва ошхона фаъолият хоҳанд кард.
 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон