СЕМИНАР: АСОСҲОИ МЕТОДИИ БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ БИСЁРЗАБОНӢ

20-06-2019
20-уми июни соли ҷорӣ дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои методи барномаи самарабахши таълими бисёрзабонӣ» баргузор гашт. Дар кори семинар Л. Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, И. Холова-ноиби президенти Академия таҳсилоти Тоҷикистон ва А. Стоянова- мутахассиси барномаи таҳсилоти Комисари олӣ оид ба корҳои ақаллиятҳои миллии (КОАМ)-и САҲА дар Осиёи Марказӣ ва устодони филиалҳои Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорони фанҳои забони русӣ, англисӣ ва забони давлатӣ, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Л. Назирӣ   семинарро ифтитоҳ бахшида, ба шарикони рушд барои дастгириҳои пайвастаашон дар рушди таълимоти бисёрзабони барои ақаллиятҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идома И. Холова-ноиби президенти Академия таҳсилоти Тоҷикистон ва А. Стоянова- мутахассиси барномаи таҳсилоти КОАМ-и САҲА дар Осиёи Марказӣ суханронӣ намуданд. 
А. Стоянова зимни суханронии хеш ҷалби ҳозиринро ба мазмун ва муҳтавои барномаи мазкур ва натиҷае, ки баъди роҳандози кардани он ба даст меояд, ҷалб намуд. Инчунин, дар давоми рӯз иштирокчиён дар гурӯҳҳои алоҳида мавзӯъро баррасӣ намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки семинар ду рӯз идома карда, қисмати ҷамъбастии он дар Вазорати маориф ва илм бо иштироки роҳбарон ва иштирокчиёни семинар доир мегардад.
Дар охири семинар ба иштирокчиён аз ҷониби барномаи таҳсилоти КОАМ-и САҲА дар Осиёи Марказӣ шаҳодатномаҳо тақдим карда мешавад.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО