Семинар: Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон

22-06-2018
22 июни соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Усмонзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон С. Икромӣ, муовини раиси ноҳияи Хуросон Н.Почозода, директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна Б.Сатторӣ, намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони дигар ташкилоту идораҳо семинари ҷамбастӣ оид ба шарҳи натиҷа ва дастовардҳои Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур шарҳи натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон”, баррасии донишҳои андӯхта, таҷрибаи ба дастовардашуда ва масъалаҳои беҳтар намудани татбиқи лоиҳаҳои минбаъда унвон карда шуд. 
Дар семинар масъалаҳо оид ба шарҳи натиҷаҳои татбиқи лоиҳа, таъмини устувории натиҷаҳои татбиқи лоиҳа дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи натиҷаҳои татбиқ дар раванди таълими касбии муассисаҳои  Возорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, шарҳи натиҷаҳо ва нақшаҳои оянда ҷиҳати маблағгузории хурд мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ,таъмини истифодаи Маркази касбомӯзӣ ва рушди омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Хуросон ва натиҷаҳои омӯзиши касбӣ ва дастрасӣ ба шуғли пурмаҳсул вобаста ба татбиқи барномаи VOLIP баррасӣ гардиданд. Доир ба масълаҳои зикргардида Фатҳиддин Усмонзода – муовини вазири маориф ва илм, Раҷабалӣ Гулшанзода – сардори раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Нуринисо Почозода – муовини раиси ноҳияи Хуросон, Аслам Раҳимов – директори Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Икромӣ Сироҷиддин – муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон баромад карданд. 
Дар рафти баррасии масъалаҳо қайд карда шуд, ки татбиқи Лоиҳаи “Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд роҳандозӣ гардида буд, бомуваффақият ба анҷом расид. Мақсади асосии лоиҳа паст намудани сатҳи камбизоатӣ, хусусан байни ҷавонони аз 15 то 24-сола ва занони деҳот аз 24 то 49-сола, тариқи омӯзиши касбӣ ва дастгирии молиявӣ ҷиҳати таъмин  ба шуғл ва гирифтани даромад мебошад. Айни ҳол, лоиҳаи мазкур дар муҳлати мувофиқашуда пурра татбиқ гардид. Дар натиҷа, чор иншооти нав-биноҳои марказҳои нави касбомӯзӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Хуросон, Нуробод ва Мӯъминобод бо 960 ҷойи нави нишаст сохта шуда, ҳашт иншооти амалкунандаи биноҳои таълимӣ ва устохонаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ бо зиёда аз 2800 ҷойи нави нишаст ва аз нав барқарор ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, якчанд ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва 37 нақшаву барномаҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такмил дода шуда, 532 нафар омӯзгор ва устоҳои таълимии истеҳсолӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Тавассути барномаи мазкур ба муассисаҳои таълимии зикргардида дар маҷмӯъ зиёда аз 9300 адад адабиёти таълимӣ, 420 адад маводи методӣ ва ёрирасон, 840 адад тахтаи иттилоотӣ ва овезаҳо аз рӯйи касбу ҳунарҳо тақсим карда шуд, ки дар раванди таълими касбӣ истифода гардиданд. Зиёда аз 13 ҳазор нафар аз ҳисоби ҷавонон ва занҳо аз рӯйи 37 касбу ҳунар тариқи курсҳои касбомӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хисор, Норак, Леваканд, Хуросон, Ҳамадонӣ, Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Зафаробод соҳиби касбу ҳунарҳои дилхоҳ гардиданд.
Ҳамзамон, барои тамоми хатмкардагони курсҳои касбомӯзии барномаи мазкур ҷиҳати дастрасӣ ба маблағгузории хурд мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии ҳамкор дар доираи фонди гардишии барномаи мазкур шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Айни ҳол зиёда аз 10 ҳазор нафар хатмкардагони курсҳои касбомӯзӣ бевосита дастрасӣ ба қарзҳои хурди имтиёзнок доранд, ки аз ин имконият 630 нафар истифода намуда, фаъолияти меҳнатии худро ташкил намуданд. Қарздиҳи хурд дар доираи фонди гардиши барномаи VOLIP то 31 декабри соли 2021 таҳти идораи Бонки миллии Тоҷикистон идома меёбад.
Тибқи маълумотҳои арзёбӣ, қариб 9000 нафар хатмкардагон курсҳои касбомӯзӣ дар заминаи касбҳои гирифташуда ба шуғли пурмаҳсул ва хонакорӣ машғуланд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Дар охири семинар мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон ба саволҳои худ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд. 
 
Аҳмадшоҳи МАСЪУД-мутахассиси Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм