СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР ПАРТАВИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

08-04-2021
8-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия вобаста ба амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани саводи иттилоотӣ - коммуникативӣ дар раванди таълим” семинар-машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Киромуддин Назаров – директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, инчунин, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ ва олии касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ, М. Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм доир ба аҳамияти Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ”, истифодаи самараноки технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таҳсил, баланд бардоштани илму маърифати техникии ҷавонон дар асоси технологияи муосир, беҳтар намудани ҷанбаи омӯзишию таҳсилотии донишҷӯён ва дигар масоили марбути соҳа ибрози андеша намуд.
Дар идома Киромиддин Назаров – директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар мавзӯи “Нақши Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар рушди соҳаи технологияи муосир”, Маҳмадрасул Қурбонов – мудири кафедраи системаҳои иттилоотию омӯзиши иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Аҳамияти технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар рушди ҷомеа”, Ҳалима Қаюмова ва Баҳодур Муллоҷонов – кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзӯи “Такмили малакаҳои истифодабарии усулҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар раванди таълим”, Исроил Саидов – мудири кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тадқиқи компютерии амсилаи капитал бо назардошти функсияи Коби-Дуглас”, Нуралӣ Шарифов – мудири шуъбаи автоматикунонии раванди таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар мавзӯи “Технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии раванди таълими муассисаи таҳсилоти олии касбӣ”, Аҳтам Назаров –докторанти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи “Методи Пулот ҳамчун методи санҷиши объективии дониш” ва Беҳрӯз Бӯриев – муаллими калони кафедраи СИДИ-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Гурӯҳбандии забонҳои барномарезӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи ТИК” маърӯзаҳои пурмазмун намуда, ба саволҳои аҳли толор посух гуфтанд.
Сипас, иштирокчиёни семинар ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар доираи корҳои гурӯҳӣ маҳорату малакаи касбии худро доир ба тарзи таҳияи барномаҳои хурд ба воситаи забонҳои барномасозӣ нишон доданд.
Дар фарҷоми семинар ба фаъолони чорабинӣ сипосномаҳо тақдим гардид.




                                                                                                                                                                       Маркази матбуоти Вазорати
                                                                                                                                                                          маориф ва илми
                                                                                                                                                                          Ҷумҳурии Тоҷикистон