СЕМИНАР-МАШВАРАТ: НАҚШИ САВОДНОКИИ ИТТИЛООТӢ - КОММУНИКАТИВӢ ДАР ПЕШРАФТИ ТАЪЛИМ

18-03-2021
 
18-уми марти соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ-коммуникативӣ дар пешрафти таълим» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илм, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва як қатор омӯзгорону мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди вилояти Суғд иштирок доштанд.
Семинар-машварати мазкурро Муъмин Шарифзода - ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, ба ташкилкунандагони семинар-машварати изҳори сипос намуд.
Дар идома Киромуддин Назаров - директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, иштирокдоронро бо мақсади семинар-машварат шинос карда, зикр намуд, ки баргузории чунин семинар-машваратҳо воқеан ҳам барои беҳтар гаштани савияи донишу малакаҳои омӯзгорону кормандони техникии муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбат мегузорад.
Дар рафти кори семинар-машварат доир ба мавзӯъҳои “Аз таҷрибаи ташкил ва истифодабарии шабакаҳои нейронӣ” Дилшод Музаффаров - декани факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, “Автоматикунонии раванди фаъолияти кормандони китобхонаи илмӣ тариқи барномаи «Картотекаи электронӣ»” Маҳкамҷон Ҳасанов - сармутахассиси бахши технологияи иттилоотӣ ва инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, “Истифодабарии тахтаи электронӣ дар раванди дарс” Аълохон Бобозода - омӯзгори калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, “Салоҳиятҳои рақамии хатмкунандагони ихтисосҳои муҳандисӣ ва технологӣ ва вазъӣ азхудкунии онҳо аз фанни технологияи информатсионӣ” Хуршед Мақсудов - дотсенти кафедраи иқтисодиёти рақамӣ ва муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, “Сохтани модели рақамии конҳои канданиҳои фоиданок бо истифода аз барномаи Micromine” Шоҳрух Восиҳов - ассистенти кафедраи биология ва корҳои нафту гази Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, “Роҳҳои оптималии омӯзиши забонҳои барномасозӣ” Абдурашид Ҷабборов - мудири кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва “Рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Абдурасул Абдураҳмонов - мутахассиси шуъбаи технологияҳои иттилоотии коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ба шунавандагон маълумоти дақиқу муфассал пешниҳод намуданд.
Инчунин, пас аз баромади ҳар як маърӯзачӣ мавзӯи матраҳшуда аз ҷониби ширкаткунандагони семинар-машварат мавриди музокира ва саволу ҷавоб қарор гирифт.
Баъдан шунавандагони семинар-машварат ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, доир ба тарзи сохтани барномаҳои хурд бо истифода аз забонҳои барномасозӣ корҳои гурӯҳӣ анҷом доданд.
Суннатуллоҳи Мирзо