СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ МУАЛЛИФОНИ СТАНДАРТҲОИ ФАННӢ ВА КИТОБҲОИ ДАРСӢ

06-02-2020
Рӯзҳои 4-5-уми соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ дар доираи гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим бо муаллифони стандартҳои фаннӣ ва китобҳои дарсӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он 30 нафар омӯзгорону мутахассисони соҳаи маорифи кишвар ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ Л. Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм ва Сергей Габришек-роҳбари ҳайати гурӯҳи лоиҳа (БДТБ-1) суханронӣ намуда, оид ба мақсаду вазифаи  семинари мазкур маълумоти муфассал доданд.
Дар идомаи семинар мушовири байналмилалии бахши 4-уми лоиҳа-таҳия ва тартиби чорчӯбаи фарогири барномаи омӯзишӣ доктор Ричард Веббер, мушовирони маҳаллӣ Асрор Алиев ва Қутбиддин Мухторӣ, ки ба сифати мураббиёни асосии семинар маҳсуб меёфтанд, баромад намуданд.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузор кардани семинар дар доираи гузариш ба муносибати босалоҳият нишон додани роҳҳову воситаҳои ҷадид ва муосири таҳияи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад.  Дар рафти семинар, инчунин, масъалаҳои тартиб ва методологияи таҳияи салоҳиятҳои умумӣ ва фаннӣ, салоҳиятҳо ва инъикоси онҳо дар стандарт, барномаи фаннӣ, китоби дарсӣ ва роҳнамои омӯзгор, сохтори роҳнамои омӯзгор ва тарзи истифодаи онҳо дар раванди таълим муҳокима шуданд.
Семинар бо мубодилаи афкор, муҳокима ва пешниҳоду таклифҳо барои ҳалли масъалаҳо дар корҳои минбаъда ба анҷом расид.
Гулҳаё МАДИМАРОВА