СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ

19-12-2023
18-19 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид.
Муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода аз рафти баргузории семинари мазкур дидан намуда, бо иштирокчиёни семинари мазкур суҳбат анҷом дод ва аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуд. Муовини вазир иброз дошт, ки баргузории семинару конференсияҳо, озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, иҷрои барномаву нақша-чорабиниҳои соҳавӣ ва консепсияву дурнамоҳо барои боз ҳам таҳким бахшидани соҳаи маориф заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Дар идома, қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур боз ҳам баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, рушди касбии онҳо, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфти омӯзгорони соҳибмалака ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди омӯзиш (аз қабили синфхонаҳои лингофонӣ) ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки таълим ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим мебошад.
Дар марҳилаи якум семинар барои 100 омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ баргузор гардида, ҳамзамон барои омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва НТМ дар рӯзҳои минбаъда дар назар аст.
Дар охир ба иштирокчиёни семинар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сертификат тақдим гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон