СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ИШТИРОКИ ТАҲИЯГАРОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ

12-06-2024
12-уми июни соли ҷорӣ бо роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода семинари омӯзишӣ бо иштироки таҳиягарони китобҳои дарсӣ оғоз гардид. Дар семинар гурӯҳи кории таҳиягарони китобҳои дарсӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки муҳтавои китобҳои таълимӣ бояд фарогири суннату анъанаҳои аҷдодӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ бошанд ва онҳо бе нуқсу хатои забонию имлоӣ нашр гардида, хонандаро дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Семинари мазкур ҷиҳати баррасӣ ва таҳияи стандарту барномаҳои таълимӣ ва китобҳои насли нави дарсии синфҳои ибтидоии 1-4 аз фанҳои «Забони тоҷикӣ», «Хониши адабӣ» ва «Математика» дар ҳамоҳангӣ бо Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва дастгирии техникии Лоиҳаи USAID “Биё, ҳамроҳ омӯзем” давоми се рӯз идома меёбад.

 
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон