СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР НАМУДАНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ»

16-02-2023
16 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров тариқи маҷозӣ баргузор гардид. Дар он Ҷӯразода Ҷамшед - муовини якуми вазири маориф ва илм, Муҳаммаддовуд Саломиён - президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, шахсони масъул аз ҳисоби кормандони вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, инчунин ректорон (директорон), ноибони ректор ва ҳамзамон аъзои ҳакамони даври муассисавӣ ва даврҳои минбаъдаи озмун  иштирок намуданд.
Дар аввал Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани озмун ва ҳар чӣ зиёд ҷалб намудани донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуд. 
Сипас, вобаста ба тарзи баргузор намудани даврҳои озмун Саломиён Муҳаммаддовуд - президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баромад кард.
Дар идома миёни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифта, аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳодҳо манзур гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чор давр баргузор мегардад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон