СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҲИЯИ ДАРХОСТҲОИ ЛОИҲАВӢ

20-06-2019
18-19-уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки роҳбарон ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар семинари омӯзишӣ оид таҳияи дархостҳои лоиҳавии пурра дар доираи барномаи грантҳои озмунӣ (даври дуюм) баргузор гардид.
Семинари мазкур бо мақсади дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии интихобшуда дар омода намудани дархостҳои  лоиҳавӣ барои ба даст овардани грант ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи бозори меҳнат гузаронида шуд. Дар кори семинари омӯзишӣ Нуриддин Саид-вазири маориф ва илм, С.Давлатзода-муовини вазири маориф ва илм ва Олена Фимяр- мушовири байналмилалӣ иштирок намуданд. Зимни сухани муқаддимавӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид оид ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таҳияи дархостҳои лоиҳавӣ вобаста ба такмили стандарту барномаҳои таълимӣ, касбҳо ва мувофиқсозии онҳо ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ, рушди тарзу усулҳои нави таълими таҳсилоти олӣ,  мукаммалсозии шароити таълим тавассути технологияи муосир ва  инноватсионӣ изҳори назар намуд.
Инчунин, муовини вазири маориф ва илм С.Давлатзода оид ба масъалаҳои беҳтар намудани татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, масъулиятшиносии кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар омода намудани дархостҳои лоиҳавӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуни барномаи грантҳои озмунӣ сухаронӣ намуда, як қатор таклифу пешниҳодотро манзури иштирокдорон намуд.
Дар семинар масъалаҳо оид ба натиҷаҳои арзёбии пешниҳодҳои пешакии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баррасии шарҳу тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ дар доираи арзёбии пешниҳодҳои пешакӣ, усулҳои пур кардани шакли дархостҳои лоиҳавии пурра, тарзи навишти қисмати якум оид ба маълумоти институтсионалӣ ва қисмати дуюм тавсифи лоиҳа, масъалаҳои маблағгузорӣ, муҳлати татбиқи лоиҳа, механизми инноватсионӣ, устувории лоиҳа, таҳияи нақшаи татбиқ ва  буҷаи лоиҳа баррасӣ гардида, тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Доир ба масъалаҳои зикргардида ҳамоҳангсози лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”С.Авғонов, ҳамоҳангсози барномаҳои грантӣ И.Исмоилов баромад карда, ба саволҳои иштирокчиёни семинар посух доданд. Ҳамзамон, бояд қайд, ки бори аввал тариқи онлайн аз шаҳри Лондони Англия мушовири байналмилалӣ Олена Фимяр оид ба масъалаҳои пур кардани дархостҳои лоиҳавӣ суханронӣ ва супоришҳои амалӣ  пешниҳод намуд ва бо иштирокчиёни семинар суҳбат анҷом дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои қаноатбахш дод.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, даври аввали озмуни барномаи грантҳои озмунӣ ҷиҳати дастгирии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар анҷом ёфт. Тибқи натиҷаҳои арзёбӣ аз 33 дархости пешакии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  21 дархост бо гирифтани холҳои гузариш ба даври дуюми озмун роҳ ёфта, 11 пешниҳоди пешакӣ ба сабаби мавҷуд будани камбудию норасоиҳо барои коркард ва иштирок дар даври сеюми озмуни барномаи грантҳои озмунӣ тавсия шуданд.
Айни ҳол, корҳо ҷиҳати татбиқи 13 лоиҳаи грантӣ (9 лоиҳаи асосӣ ва 4 лоиҳа ҷиҳати дастгирии донишҷӯдухтарон бо арзиши умумии 24,0 млн. сомонӣ (2, 467 миллион доллари ИМА)  аз тарафи 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ идома доранд.

Руйхати
пешниҳодҳои пешакии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи озмунӣ даври дуюми барномаҳои грантҳои озмунии Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”,  ки ба даври дуюм роҳ ёфтанд (Равзанаи 1)

Номи муассиса

Номи лоиҳа

1.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Чораҳои комплексӣ доир ба такмилдиҳии раванди таълим ва тавсеаи имконоти (ба ҷои кор таъминкунии) хатмкунандагони донишгоҳ

2.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо  Назаршоев 

Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботҳои муосири бозори меҳнат

3.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Мукамалнамоии низоми маълумот аз рӯи ихтисосҳои  фарҳанг ва санъат дар асоси стандартҳои байналмилалӣ.

4.

Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон

Ҷорӣ намудани стандартҳои кафолатноки аврупоӣ барои сифати барномаҳои таълимии ДСРТ

5.

Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон (муштарак бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода)

Забони англисӣ барои ояндаи дурахшон

6.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур

Мукаммалгардонии барномаҳои таълимӣ дар соҳаи аграрӣ ва ҷорӣ намудани технологияи навтарин

7.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси«Биология (биотехнология)» бо мақсади мутобиқгардонии онҳо ба бозори меҳнат

8.

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 

Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии миҳити иттилоотию таҳсилотии электронӣ дар донишкади соҳибкорӣ ва хизмат

9.

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон дар асоси принсипҳои раванди эъломияи Болонӣ

10.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (муштарак бо Донишгоҳи давлатии Данғара)

Беҳтар намудани сифати хизматрасонии маълумоти олӣ тариқи рушди тахассуси ҳайати профессорон устодон ва тақвият додани дараҷаи мартабаи онҳо

11.

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода

Татбиқи воситаҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ

ва модернизатсияи раванди омодасозии тарҷумонҳо

12.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Беҳтар намудани сифаи таҳсилоти тиббӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

13.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Рушди инноватсионии таҳсилоти фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С Осимӣ

Мукаммалгардонии таҳсилоти олии техникӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсиони дар асоси таҷрибаи донишгоҳҳои аврупоӣ

15.

Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни

Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

16.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 Маркази  таълимии симулятсионӣ

17.

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Лоиҳаи мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104-металлургияи металҳои ранга дар асоси стандартҳои ташаббуси байналхалқии СDIO

18.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Татбиқи стандартҳои байналмилалии сифат дар таҳсилоти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.

Донишкадаи технология ва менеджменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Коркард ва татбиқи технологияи истеҳсолии масолеҳи бебофти таъинотӣ аз ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Тайёр намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба  низоми таҳсилоти кредитӣ

21.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон                                       

Беҳтаркунии сифати таҳсилоти хатмкунандагони ихтисоси «Сохтмон ва истифодабарии НБО»

 

Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ