СЕМИНАР–МАШВАРАТ БАРОИ ДИРЕКТОРОНИ МАКТАБ–ИНТЕРНАТҲО

10-01-2020
10–уми январи соли 2020 дар толори Донишкадаи чумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки директорони мактаб – интернатҳои ҷумҳурӣ семинар – машварат баргузор гашт, ки дар кори он Л.Назирӣ-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисто, Қ.Муҳиддинзода-сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, Н. Сайидализода-сардори раёсати илм ва инноватсия, И.Таваров-раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таълимии мактаб-интернатҳо, намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва директорони мактаб - интернатҳо иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм Л. Назирӣ дар ифтитоҳи семинари мазкур вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фаъолияти мактаб–интернатҳо, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳо суханронӣ намуд.
Инчунин, дар семинар – машварат  вобаста ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаи олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои мактуби дастурии вазири маориф ва илм ҷиҳати ташкили воҳиди кории муовини директор оид ба олимпиада дар мактаб–интернатҳо, таъминоти мактаб–интернатҳо бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ, таҳияи дурусти ҷадвали дарсҳо, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба раванди таълим ва солимии тарбиятгирандагон, нақши созмонҳои хонандагӣ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии тарбиятгирандагон, таҷдиди назар намудани оинномаҳои муассисаҳо, назорати раванди расонидани кӯмак ба мактаб – интернатҳо аз ҷониби муассисаҳои вобасташуда ва шахсони алоҳида ва чанде дигар масъулин суханронӣ намуданд.
М.УБАЙДУЛЛОЕВА