ШАФФОФИЯТИ ОЗМУНРО КОМИССИЯИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ НАЗОРАТ МЕКУНАД

16-08-2023
Санаи 16-уми августи соли равон рафти баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии ”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро раиси комиссияи даври ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Матлубахон Сатториён назорат кард.
Раиси комиссияро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, директори МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун
Файзализода Ҷумъахон, сардори раёсати маорифи вилоят Сафарзода Ғазалшоҳ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ҳамроҳӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки даври вилоятии озмун дар сатҳи баланд бо таъмини шаффофият ва дар асоси талаботи муайяншуда бояд гузаронида шуда, аз тарафи комиссия рафти он ҳамарӯза назорат карда мешавад. Баҳри таъмини сифати баланд баргузорӣ ва дарёфти чеҳраҳои арзанда диққат ҷиддӣ дода, танҳо нафарони арзанда ба сатҳи ҷумҳурӣ роҳхат дода шаванд.


Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон