ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

13-01-2020
10-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Ф. Усмонзода, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Ф. Усмонзода Паёми Пешвои миллатро барои халқу Ватан судманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои давраҳои оянда вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар идома Н.Сайдализода-сардори раёсати илм ва инноватсияи вазорат доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, изҳор дошт, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли бобарору таърихӣ буд. Аз ҷумла, соҳаи илму маориф дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ бозида, соли 2019 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои беш аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин 32 муассиса барои қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд ва дар доираи дастуру супоришҳои ироашуда тибқи фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, Нақшаи чорабиниҳо омода гардидааст. 
Дар баромади хеш Н.Сайдализода, инчунин, вобаста ба паҳлуҳои дигари Паём, аз ҷумла, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг, забон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, сайёҳӣ, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сиёсати хориҷӣ ибрози назар намуд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО