«ШИРКЕНТ»-И НОМДОР. Дар ин истироҳатгоҳ зиёда аз 1000 нафар таътили тобистонаро бофароғат гузарониданд

14-07-2024
Дар се басти истироҳатгоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода зиёда аз ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд. Имрӯзҳо дар басти сеюми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 220 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Дарвоз, Данғара ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ истироҳат намуда истодаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар ҳар як басти истироҳатгоҳи мазкур кӯдакону наврасони ятими кул, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» ва иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногун ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин дар басти сеюм кӯдакону наврасони ятими кули шаҳри Турсунзода ва дигар шаҳру ноҳияҳо истироҳат намуда истодаанд.
Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хизматрасонии сайёҳӣ»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» Шамшод Фозилзода иброз дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати кӯдакону наврасон имсол дар истироҳатгоҳи «Ширкент» тамоми шароитҳои заруриро муҳайё намудем.
«Қабл аз ҳама, корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шуда, ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошанд. Ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон яке аз масъалаҳои асосии сиёсати иҷтимоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Дар се басти истироҳатгоҳ зиёда аз ҳазор нафар кӯдакони ятими кул, нимятим ва хонандагони мактабинтернатҳои ҷумҳуриявӣ кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шуданд»,-афзуд номбурда.
Директори мавсимии истироҳатгоҳи «Ширкент» Ҷалолиддин Холов гуфт, ки истироҳатгоҳ бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ ҳамарӯза дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд. Ин ҷо ҳолати санитарию гигиенӣ пайваста зери назорати мутахассисон қарор дорад. Наврасон баробари фароғату истироҳат дар ин ҷо бо табиати бою рангини Тоҷикистон шинос шуда, дар сайру гашт ва экскурсияҳо иштирок мекунанд. Дар истироҳатгоҳ хондани суруд, рақсидан, хондани китобҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи машғулиятҳое мебошад, ки барои кӯдакон писанд аст.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»