Шоир, шеър ва сулҳ

09-05-2018
Адабиёти бадеӣ дар тарғиби ғояҳои неки инсонӣ, сулҳу салоҳ, гуманизм ва дӯстии халқҳо нақши ниҳоят муҳим дорад.
Аз ин рӯ, аз рӯзгор ва осори намояндагони барҷастаи адабиёти гузашта ва навин ёд овардан ҷаҳони маънавии моро рангин ва робитаи дӯстонаро дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа мустаҳкамтар мекунад. Адабиёти муосири тоҷик ҳам лабрези ин гуна афкори судманду созанда аст. Яке аз шоироне, ки дар тарғиби дӯстии халқҳо ва сулҳу оштӣ шеърҳои олимазмун эҷод кардаанд, устод Мирзо Турсунзода аст. Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки мо берун аз дарсҳо ҳам тавассути шеърҳои ин шоири маъруф ҳамагонро ба ягонагӣ, меҳрпарварӣ ва дурандешӣ даъват намоем. Ҷаҳони ноором ва пуртазоди имрӯзро танҳо иттиҳоду дӯстӣ наҷот дода метавонад. Достони «Ҷони ширин»-и устод Турсунзода сабақи инсонсозе барои ҳамаи наслҳои одамизод аст. 
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Халқҳоро дӯстӣ илқо кунем,
Меҳри дилро ҳадя бар онҳо
кунем.
Кувваҳои иртиҷоӣ ва ифротгарое, ки онҳоро душманони инсоният роҳнамоӣ ва пуштибонӣ мекунанд, миллату мазҳаб надоранд, эътиқоду ихлос надоранд ва ба ҳама гуна кори бад даст мезананд. Шогирдони мактабҳои мо, ки ояндасозони Тоҷикистон ҳастанд, бояд аз синни мактабӣ сулҳдӯсту фидокор ва ватанпарвар бошанд. Дар роҳи тарбияи онҳо шеърҳои устод Мирзо Турсунзода мададгори мост. Силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»- намунаи олии ин гуна шеърҳо аст. Ба андешаи ман, дар моҳи май дар ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ ҳафтаи махсусеро бо номи «Ҳафтаи Турсунзода» қайд кардан мебояд. Дар ин кор ғайр аз омӯзгорону хонандагон волидайну аҳли ҷомеа, эҷодкорон ҳам ҷалб карда шаванд, тири мақсад хубтар ба ҳадаф мерасад. Садову симо ва матбуот ҳам дар инъикоси ин ҳафта ҳисса хоҳанд гузошт. Ғолибони ҳафта аввал дар маркази вилоятҳо ва дар ҷамъбаст дар шаҳри Душанбе ҷамъ меоянд ва ҳавасманд карда мешаванд. Ҳамаи мо сулҳу салоҳро мехоҳем. Барои он ки пояи амнияту оромӣ бегазанд монад, мо бояд дар дохил иттиҳоди мустаҳкам дошта бошем. Ин гуна ягонагиро танҳо дар ҳамдастӣ метавон ҳосил кард. Барои комил кардани чунин ҳиссиёт ва тафаккур осори устод Турсунзода беҳтарин васила аст. Худи шоир дар як шеъраш ин маъноро ифода кардааст. 
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои ноорому рӯзафзуни дил,
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон, 
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.
 
Гулнисо Раҷабалиева, 
директори мактаби
93- и ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе