Шӯрои навбатии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30-12-2019
28-уми декбари соли 2019 дар толори Вазорати маориф ва илм Шӯрои навбатии ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар кори Шӯро Раиси маҷлис М. Имомзода - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, С. Давлатзода муовини вазири маориф ва илм ва аъзои Шӯро - ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳайати Шӯро иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҳафт масъала баррасӣ шуд. Аз рӯи масъалаи якум «Оид ба вазъи фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва раванди ҷалби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ» гузориши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомзода шунида шуд. Номбурда қайд намуд, ки Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №124 ҳамчун муассисаи таълимии давлатӣ таъсис ёфта, фаъолияти худро мутобиқи талаботи низомномаи муассиса ба роҳ мондааст. Инчунин иброз дошт, ки донишкада ҳамасола курсҳои такмили ихтисосро дар сатҳи баланд бо истифодаи заминаи илмию техникӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ доир менамояд. Бо мақсади ҷалби устодони баландихтисос ва соҳибтаҷриба донишкада бо 17 корхонаю муассиса, аз ҷумла, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳамкориро ба роҳ монда, 89 нафар устодро ба кор ҷалб кардааст, ки аз онҳо 1 нафар академик, 1 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 нафар доктори илм, 47 нафар номзади илм ва 3 нафар устодони ботаҷриб мебошанд. Аз рӯи масъалаи дуюм маърӯзаи ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ҳ. Одиназода оид ба вазъи фаъолияти  донишгоҳи мазкур дар самти таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, инчунин, тавсеаи ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҷиҳати омодасозии муштараки мутахассисони баландихтисос шунида шуд. Дар идомаи кори шӯро, инчунин, масъалаҳои оид ба татбиқи пайвастаи таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, масъулиятшиносӣ дар назди Ватан ва ҷомеа, тарбия намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, тасдиқи Нақшаи кори Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, вазъи корҳои озмоишӣ ва лаборатории фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вазъи харидорӣ ва пардохти маблағҳои китобҳои дарсии тахассусии блокҳои 1-2, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва механизми андозбандии Паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷараёни амалишавии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ва мушкилоти ҷойдошта, вазъи воридоти 1 фоизи ҳаҷми воқеии маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 


Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО