Ҷаласаи Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

02-04-2020
1-уми апрели соли 2020 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа М. Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, К.Назаров – директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки мақсад аз гузаронидани шӯро зери назорати ҷиддӣ қарор додани рафти татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» - мебошад. Инчунин, дар рафти шӯро С. Рафиев -  муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, базаи моддию техникии донишгоҳ ва омода намудани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ баромад намуда, ҳамчунин, ҳисоботи директорони марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» шунида шуд.
                                                                                  М.Убайдуллоева