ШӮРОИ ТИК-И НАЗДИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДОИР ГАРДИД

07-05-2021
7-уми майи соли 2021 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи онлайнии Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Киромуддин Назаров – директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва мудирони шуъбаҳои маорифи як қатор шаҳру ноҳияҳо аз тариқи онлайн ширкат намуданд.
Кори ҷаласаро К. Назаров ифтитоҳ намуда, масъалаҳои дар рафти ҷаласа баррасишавандаро муаррифӣ намуд.
Баъдан, Д. Қодирзода вобаста ба фаъолияти Шӯрои технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм дар робита ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Мавсуф таъкид кард, ки бо дарназардошти пешрафти соҳаи технология ва коммуникатсия масъулини соҳаи маориф ва илми кишварро зарур аст, ки барои дар амал татбиқ намудани талаботи Барнома ва таҳияву пешниҳодҳои роҳу усулҳои нав ва муфиди омӯзиши технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия беш аз ҳарвақта талош варзанд.
Дар идома Ҷамшед Ҷӯразода-ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  вобаста ба фаъолияти Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, базаи моддию техникии донишгоҳ ва омода намудани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ, Гулчеҳра Раҳмонзода-директори Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом доир ба фаъолияти Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом, базаи моддию техникии коллеҷ ва омода намудани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ, Абубакр Чориев-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар ноҳияи Кӯшониён ва фаъолияти Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди шуъбаи маорифи ноҳия, Шамигул Шарифова – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар шаҳри Бохтар ва фаъолияти Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди шуъбаи маориф, Ниёзалӣ Ашӯров-мудири шуъбаи маорифи шаҳри Левакант оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар шаҳри Левакант ва фаъолияти Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди шуъбаи маориф гузориши муфассал пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Д. Қодирзода ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти амалигардонии бандҳои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияњои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла минтақаҳои дурдаст дастуру супоришҳои мушаххас дод.

                                                                                                                                                                                                     Суннатуллоҳи Мирзо