Шӯрои васеи олимон ба ифтихори 80-солагии донишгоҳ

29-11-2019
28 ноябри соли 2019 дар «Толори Сино»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 80-солагии донишгоҳ чорабинӣ  баргузор гардид.
Дар кори он Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимзода Насим – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муинӣ Мавсума - муовини Раиси шаҳри Душанбе, Ҳаётзода Нурхон - раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Жумагулова Алина - директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг,  дигар олимону меҳмонони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ , профессор М.Қ.Гулзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида,  оид ба роҳи тайкардаи донишгоҳ дар тӯли 80-соли фаъолияти пурмаҳсул маълумот дод.
Сипас, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайати устодону муҳассилини донишгоҳ ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ расонид.
Вазири маориф ва илм, муҳтарам Нуриддин Саид оид ба мактаби тиббии ворисони Сино ва дурнамои он суханронӣ намуда, ба як қатор олимону устодони донишгоҳ барои саҳми арзанда дар рушди маориф ва тиб нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимомии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Олимзода Насим дар баромади худ аз саҳми назарраси донишгоҳ дар рушду нумӯи илми тиб ва солимгардонии ҷомеа суханронӣ намуда, ба як қатор устодону олимони донишгоҳ нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро супорид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарама Мавсума Муинӣ Сипосномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ҳозирин қироат намуда, ҳайати устодону муҳассилинро бо ин ҷашни таърихӣ муборакбод намуд.
Раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон як қатор кормандони донишгоҳро бо Ифтихорнома ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг, хонум Жумагулова Алина баромад намуда, ҳозиринро аз натиҷаи санҷиши Шӯрои аккредитатсионии байналмилалӣ, ки моҳи октябри соли 2019 гузашт, огоҳ намуда,  ба ректори донишгоҳ Сертификати Аккредитатсияи байналмилалиро супорид. Номбура, аз ҷумла, қайд намуд, ки гузаштан аз Аккредитатсияи байналмилалӣ мавқеи байналмилалии ин боргоҳи хирадро устувор намуда, аз дурнамои неки он гувоҳӣ медиҳад.
Дар хотима, ректори донишгоҳ 21 нафар роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявию шаҳри Душанберо барои ҳамкории босамар дар омода кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва 102 нафар устодону кормандони донишгоҳро  барои фаъолияти пурсамар дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома” қадрдонӣ намуд.
Маркази матбуот