ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ: АРЗЁБИИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА ЗАРУРАТИ ТАҲИЯИ КИТОБИ ДАРСӢ АЗ ФАННИ АСТРОНОМИЯ БАРОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

28-09-2023
28 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот масъалаҳои тавсияи адабиёти таълмии барои баррасӣ пешниҳодгардида, арзёбии китобҳои дарсии фанни таърихи халқи тоҷик аз синфи 5 то 11 ва таҳияи барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ аз фанни астрономия барои синфҳои 10 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз рӯйи масъалаи якум иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Рустам иброз дошт, ки 47 номгӯй адабиёти таълимиву методӣ баъд аз баррасӣ ва арзёбӣ шудан аз ҷониби муқарризон ва гурӯҳҳои экспертӣ барои зинаҳои таҳсилотитомактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии касбӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шудааст.
Вобаста ба масъалаи арзёбии китобҳои дарсии фанни таърихи халқи тоҷик барои синфҳои 5 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳисоботи роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни таърихи халқи тоҷики Шурои миллии таҳсилот Ҷ. Исомиддинов шунида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш 1-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои зарурӣ андешида, консепсияи таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд.
Вобаста ба масъалаи мавриди назар аъзои Шурои миллии таҳсилот, С. Эргашов, Ҳ. Камол, М. Саломиён ҷиҳати бо назардошти фаҳмиши хонандагони муассисаҳои таълимӣ сода кардани муҳтавои баъзе аз китобҳои дарсии фанни таърихи халқи тоҷик, таҳияи луғати истилоҳоти илми таърих фикру пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Вобаста ба масъалаи таҳияи барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ аз фанни астрономия барои синфҳои 10 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни физикаи Шурои миллии таҳсилот У. Умаров суханронӣ намуд.
Номбурда изҳор дошт, ки бо дарназардошти дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ворид гардидани омӯзиши фанни астрономия (нуҷум) дар синфҳои 10 – 11-ум бояд барномаи таълим ва китоби дарсии фанни мазкур, инчунин маводди дидактикӣ аз фанни астрономия (дафтари корӣ, маҷмуаи масъалаҳои астрономӣ, маҷмуаи корҳои лабораторӣ аз астрономия, маҷмуаи мушоҳидаҳои астрономӣ, хрестоматияи астрономӣ) таҳия ва нашр карда шаванд.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ вазифадор шуданд, ки дар муддати 3 моҳ бо ҳамкории олимон ва мутахассисони соҳа барномаи таълим ва китоби дарсии фанни астрономия дар синфҳои 10 – 11-умро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намоянд.
Дар охир аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бори дигар ҷиҳати бо дарназардошти талаботи замон ва ислоҳоти соҳаҳои маориф ва илм арзёбӣ шудани адабиёти таълимӣ, таҳияи дастурҳои методӣ вобаста ба равияҳо барои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба мураттибону муаллифон, инчунин ҳавасмандсозии аъзои Шурои миллии таҳсилот ва тақризгарон, иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шурои миллии таҳсилот ба роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳо дода шуд.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон