ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ: АРЗЁБИИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶАИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ ФАНҲОИ РИЁЗӢ

28-08-2023
28 августи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот масъалаҳои тавсияи адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодгардида, арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои риёзӣ (математика ва геометрия), ҳамзамон муаррифии замимаи мобилии «Бозиҳои математикӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Нахуст маърузаи иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Рустам доир ба адабиёти таълимии барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳодгардида шунида шуд.
Зикр гардид, ки мусаввадаи 37 номгӯй адабиёти таълимиву методӣ баъд аз баррасӣ ва арзёбӣ аз ҷониби муқарризон ва гурӯҳҳои экспертӣ барои муҳассилини зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ пешниҳод шудааст. Мазмуну мундариҷаи адабиёти таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби муассисаҳои экспертии соҳаи маориф, гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилот ва китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ аз ҷониби шуроҳои илмию методии ин муассисаҳо ва олимону муҳаққиқони соҳа арзёбӣ гардида, баъди ислоҳи эродҳои онҳо пешниҳод шудаанд.
Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба масъалаҳои ҷиддан аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои экспертӣ арзёбӣ шудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, ба назар гирифтани талаботҳои дидактикӣ ва нақшаҳои таълимӣ ҳангоми таълифи китобҳои дарсӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки роҳбарони муассисаҳои масъули Вазорати маориф ва илм масъалаҳои мавриди назарро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор диҳанд.
Вобаста ба масъалаи арзёбии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои риёзӣ (математика ва геометрия) номзади илмҳои физика ва математика, роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни математикаи Шурои миллии таҳсилот Асадулло Шарифзода суханронӣ карда, такмили муҳтавои барномаҳои таълим ва китобҳои дарсии фанҳои математика ва геометрияро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи ҷаласа муаррифии замимаи мобилии «Бозиҳои математикӣ», ки аз ҷониби вазорат бо ҳамкории шарикони рушд таҳия шудааст, сурат гирифт.
Зикр гардид, замимаи мобилии «Бозиҳои математикӣ» барои рушди малакаҳои математикии хонандагони синфҳои ибтидоӣ равона шуда, он мувофиқи талаботи Стандарти фанни математика, аз ҷумла барои бозӣ бо адад ва амалҳои математикӣ, бузургӣ, фигураҳои геометрӣ ва пайдарҳамӣ таҳия гардидааст.
Дар охир аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм бори дигар ҷиҳати бо дарназардошти талаботи замон ва ислоҳоти соҳаҳои маориф ва илм арзёбӣ шудани адабиёти таълимӣ, таҳияи дастурҳои методӣ вобаста ба равияҳо барои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шурои миллии таҳсилот ба мураттибону муаллифон ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳо дода шуд.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон