Сифати таълим: мушкилот ва дурнамо

15-03-2019
Масъалаи сатҳу сифати таълим яке аз масоили умда дар низоми маорифи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми навбатии хеш (26.12.2018) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «…дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар…». 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон дар ҳама муассисаҳои таълимӣ пайваста корҳои шоиста ва иқдомоти судмандро роҳандозӣ менамояд. Дар ин радиф дар заминаи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат бо дастгирии Вазорати маориф ва илм нашрияи «Омӯзгор» дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки олимону мутахассисони соҳа ва доираи васеи омӯзгорон мизи гирд баргузор намуд. Барчидаи андеша ва пешниҳодҳои аҳли ин ҳамоишро пешкаши хонандагон мегардонем. 
Ғуломқодир Бобизода - президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
- Мо бояд ба масъалаи сифати таҳсилот таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошем. Дар ин нишаст бояд андешаҳоеро пешниҳод кунем, ки то ҷое ба баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат намоянд.
Хуршед Зиёӣ - директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ: 
- Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ типи нави мактабҳо ба вуҷуд омаданд, ки дар баланд гардидани сифати таҳсилот ва донишазхудкунии хонандагон нақши хуб гузошта истодаанд. Бояд ёдовар шуд, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар ин росто хидмати шоиста дорад. Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, то сатҳу сифати таълим баланд бардошта шавад. 
Ноилшоҳ Нурализода - сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор»: 
- Баргузор намудани мизи гирд дар нашрияи «Омӯзгор» ҳукми анъанаро дорад. Мулоҳизаву пешниҳодҳое, ки ин ҷо ироа мешаванд, ба дараҷае ба баланд гардидани сифати таълим мусоидат хоҳанд кард. Дар суҳбати мизи гирд  танҳо як масъала - «Сабабҳои паст будани сифати таҳсилот ва омилҳои баланд бардоштани он» баррасӣ хоҳад шуд.
Сайидамир Аминов - корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
- Сифати таҳсил масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Ба андешаи инҷониб, барои таъмини сифати таҳсил се масъаларо бояд ҳал кард:
1. Тайёр будани муаллим. Ин омил бахшҳои зиёдро фаро мегирад, ки дониши педагогӣ, такмили ихтисос ва ғайра аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон киҳо дарс медиҳанд, ин ҳам муҳим аст. Агар беҳтарин китоб, дастури методӣ барои устодону омӯзгорон навишта шуда бошад, вале муаллим донишу ҷаҳонбинии васеъ надошта бошад, ба беҳдошти сифати таълим умед бастан беҳуда аст.
2. Китоб ва дастурҳои таълимӣ. Мутаассифона, то ҳол фарҳангҳои истилоҳоти забон, адабиётшиносӣ, этимология, имло ва ғайра дар мактабҳо вуҷуд надорад. Ин масъаларо ҳарчи зудтар ҳал намудан зарур аст.. 
3. Таъмин намудани шароит низ масъалаи муҳим арзёбӣ мешавад. Агар дар муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад, он ба  баланд бардоштани сифати таҳсилот таъсири файзбахш хоҳад расонид.
Дар мактабҳо аз ҳисоби падару модарон бояд гурӯҳи назорати сифати таълим созмон дода шавад, ки ба ҳайати он шахсони дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ ҷалб гарданд ва холисона ба дониши хонандагон баҳо бидиҳанд. Баҳри таъмини сифати таҳсилот ва санҷиши дониши хонандагон танҳо фаъолияти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф басанда нест. Ҳамчунин, бояд директорони мактабҳоро низ ба такмили ихтисос ҷалб кард. Онҳо, пеш аз ҳама, бояд аз технологияи муосир бохабар бошанд.
Х. Зиёӣ:
- Тибқи  қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки дар заминаи он фармоиши вазири маориф ба тасвиб расидааст, гурӯҳҳои алоҳидаи назорати сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд. Мутаассифона, онҳо фаъолияти густурда ва шаффофу босамар надоранд.
Азим Байзоев – корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
- Аз коста гардидани сифати таҳсилот фоҷеа сохтан лозим нест. Хушбахтона, дар замони истиқлолият дастовардҳои хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои пурнуфузи байналмилалӣ назаррас аст ва дар маҷмӯъ, хонандагони лаёқатманди мо зиёданд. Аммо мушкилии кор дар он аст, ки сифати таълим омиле нест, ки бо таҷҳизот онро муайян кунем, он абстрактӣ мебошад. Масалан, дар муайяну мушаххас кардани сифати таълим мо аз омӯзгорон доштани конспект, мақола, иштирок дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳои омӯзиширо талаб мекунем. Дар ҳоле ки дар замони муосир тарзу усулҳои дигари муайян кардани сифати таҳсилот низ мавҷуд аст. Дар мавриди омилҳои таъмини сифати таълим муаллим С. Аминов хуб қайд карданд, ки се омили асосӣ ҷавҳари меҳварии арзёбии сифати таълим ба ҳисоб меравад. 
Дар баробари ин, фикр мекунам, ки ду омили дигарро бояд дар назар гирем. 
Кадом омилҳои берунӣ ба сифати таҳсилот таъсир расонидаанд?
Чӣ гуна ченаку андозаҳои муайян намудани сифати таҳсилотро мушаххас намудан мумкин аст?
Инчунин, дар курсҳои такмили ихтисос агар омӯзгор аз ҷиҳати назариявӣ дониши паст дошта бошад, вобаста ба он машғулиятҳои махсус ташкил намудан зарур аст. Ба тавзеҳу баррасии методҳои таълим дар курсҳо диққати бештар бояд дод. Мутассифона, дар мо ин омилҳо ба назар гирифта намешаванд. Ниёзи имрӯзаи омӯзгорро ба инобат гирифтан зарур аст. Курсҳои такмили ихтисос бояд ҳадафмандона роҳандозӣ шаванд. Танҳо аз рӯйи диктант муайян кардани сифати таълим нодуруст аст, зеро диктант танҳо  як қисмати муайянкунандани дониш мебошад. 
Маҳмудхон Убайдов - корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ: 
- Барои муайян кардани сифати таълим якчанд омил мавҷуд аст, ки яке аз онҳо заминаи моддию техникии мактаб мебошад. Имрӯз вазъи моддию техникии баъзе аз мактабҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Мо бештар дар бораи як тахтаи электронӣ ва проектор сухан мегӯем, вале танҳо онҳо базаи моддию техникиро таъмин карда наметавонад. Ҳамчун мутахассиси фанни география аз якчанд мактаби шаҳру навоҳӣ дидан кардам, ягон кабинети таҷҳизонидашуда мавҷуд набуд. Мутахассисоне, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ тайёру омода мекунад, 50 дарсад ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Муҳлати таҷрибаомӯзии педагогӣ, ки як моҳ ё 15 рӯз аст, хеле кам буда, ҳатто баъзе аз донишҷӯён дар он иштирок намекунанд. Пешниҳод мекунам, ки муҳлати таҷрибаомӯзии педагогӣ зиёд ва аз болои он назорат карда шавад. Оид ба маводи методӣ ва китобҳои таълимӣ ҳаминро бояд қайд намуд, ки аз соли 2002 инҷониб барнома аз фанни география барои синфҳо 6 -9 таҳия нашудааст. Китобҳои дарсӣ чанд маротиба таҳия шуданд, аммо барномаи соли 2002 то ҳол таҷдиди назар нашудааст ва он мувофиқи талаби рӯз нест. Омӯзгорон бештар ба барномаи мукаммал ва дастурҳои таълимию методӣ ниёз доранд. 
Бояд баробари китобҳои таълимӣ  вобаста ба фанҳо дастурҳои таълимию  методӣ низ таҳия карда шаванд. Инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот муҳити созгор фароҳам овардан зарур аст. 
Давлатназар Имомназаров - корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ:
- Неруи дигари тавоно дар дохили мактаб иттиҳодияҳои фаннӣ ва шӯроҳои методӣ мебошанд. Агар дар дохили мактабҳо гурӯҳҳои назорати сифати таълим фаъол набошанд, такмили ихтисос дар баланд гардидани маърифат, ҷаҳонбинии омӯзорон ва сифати таҳсилот таъсири мусбат расонида наметавонад. Бинобар ин, назорати дохилимактабӣ оид ба сифати таҳсилот бояд беҳтар карда шавад. Аз сабаби он ки шӯроҳои мазкур маблағгузорӣ намешаванд, фаъолияти онҳо бавусъат нест. Ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Х. Зиёӣ:
- Дигар омили паст будани сифати таҳсилот муносибати сатҳӣ ва то ҷое бетарафонаи оила ба масъалаи таълим мебошад. Волидайн масъалаи таълимро пурра ба дӯши мактаб вомегузоранд, ки ин ташвишовар аст. 
Шарифа Котибова - корманди Пажӯҳишгоҳи  рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ:
- Дар масъалаи сатҳу сифати таҳсилот худи омӯзгорон низ саҳлангорӣ мекунад. Масалан, вақте мо бо омӯзгорон дар мактабҳо вомехӯрем, ба онҳо бо як савол муроҷиат мекунем: - Шумо дар як соли охир вобаста ба ихтисоси худ кадом китобҳоро мутолиа намудаед? Мутаассифона, аз аксари омӯзгорон ҷавобҳои мусбат гирифта наметавонем, Бо ҳар баҳона онҳо худашонро сафед карданӣ мешаванд. Яъне, худомӯзӣ дар байни омӯзгорон дида намешавад. Баъдан, курсҳои такмили ихтисос ба таври зарурӣ ба роҳ монда намешавад. Дар курсҳои такмили ихтисос ба сифати устод ҷавононе ҷалб гардидаанд, ки онҳо аслан аз мушкилоти мактабҳо бохабар нестанд. 
Дигар масъалаи ташвишовар кам будани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ аст. Мо бояд бо оилаҳо робитаи мустаҳкам дошта бошем. Аз сабаби он ки бештари падару модарон фарҳанги педагогӣ надоранд, университетҳои падару модарон созмон дода, суҳбатҳову семинарҳо ташкил намудан зарур аст, то онҳо дар самти таълиму тарбия маълумоти ибтидоиро азхуд намоянд.
Файз Гулмадов - корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
- Гап сари он меравад, ки ба таври сунъӣ сифати таълимро боло бардошта наметавонем.Аз сухан ва масъалагузорӣ ба амал гузаштан зарур аст. Дар мамлакатҳои Ғарб дар низоми маориф масъалаи аввалиндараҷа сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад, ки он аз идоракунӣ ва кафолати сифати таҳсилот иборат мебошад. Вақте сифати таҳсилот гуфта мешавад, пеш аз ҳама, идоракунии он дар назар дошта шудааст. Масалан, омӯзгор бояд ба назар гирад, ки ҷиҳати шавқманд намудани хонандагон аз кадом усулҳо ва методҳои муосири таълим истифода намудан зарур аст. 
Ҳамчунин, барои фаъолияти густурдаи кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф бояд аз тариқи озмун омӯзгорони соҳибтаҷрибаву лаёқатманд ҷалб карда шаванд, то онҳо ба омӯзгорон дарси пурсамару ёрии методии бунёдӣ дода тавонанд. Дигар ин ки дар қисме аз раёсату шуъбаҳои маориф мушовирони шуъбаҳои маориф одамони тасодуфӣ мебошанд, ки ин ҳам ба  сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонад. Мушовири шуъбаи маориф бояд ҳамеша дар паҳлуи омӯзгор ва раҳнамою мададгори ӯ бошад. 
Х. Зиёӣ: 
- Бояд ҳар як ниҳод вазифаи худро иҷро намояд. Мутаассифона  бештари ниҳодҳои маорифи кишвар  ба омӯзгорон ёрии методӣ расонида наметавонанд.
Ҷамила Ҳакимова – корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
- Маълум, ки, ки масъалаи такмили сифати таълим, пеш аз ҳама,  аз омӯзгор вобастагии амиқ дорад. Чунки омӯзгор меҳвари сифати таҳсилот буда, бо хонанда кор мекунад. Донистани технологияи муосир низ муҳим аст ва омӯзгор бояд ҳамқадами замон бошад. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва омодагӣ ба дарс омӯзгор бояд фаротар аз китобҳои таълим аз адабиёту сарчашмаҳои иловагӣ истифода намояд. Чанде пеш аз як муассиса дидан намудем. Кабинетҳои физикаву химия солҳои сол чанг гирифта хобанд, ки ин аз набудани мутахассиси ҳирфаӣ дар мактаб шаҳодат медиҳад. Калиди сифати таҳсил муаллим аст. Ба гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот бояд омӯзгорони соҳибтаҷрибаву мутахассис ҷалб карда шаванд. Ба роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсил бештар кор бояд кард ва семинарҳои омӯзиширо зиёд намуд. Дар таҳияи китобҳои дарсӣ бояд омӯзгорони мактабҳо низ ҷалб карда шаванд, зеро дар фаҳмиши баъзе китобҳои дарсӣ, ки олимон таҳия кардаанд, омӯзгорон душворӣ мекашанд.
Муҳаббат Ҷалолӣ – сармутахассиси  раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм:
- Чанд сол роҳбари яке аз муассисаҳои таҳсилоти типи нав будам. Ҷои баҳс нест, ки баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот, пеш аз ҳама, омӯзгори хуб лозим аст. Мутаассифона, мактабҳои олии равияи омӯзгорӣ довталабони соҳаро кам интихоб менамоянд. Бештар хонандагоне, ки дониши нокифоя доранд, равияи омӯзгориро интихоб мекунанд. 
Шодӣ Раҷабзод – муҳаррири шуъбаи нашрияи «Омӯзгор»:
- Ман беш аз 30 сол дар мактаб фаъолият доштам, гуфтанӣ ҳастам, ки дар соҳа воқеият бояд ба назар гирифта шавад. Мутаассифона, дар ин мизи гирд намояндагон аз мактабҳои олие, ки омӯзгор тайёр мекунанд, иштирок надоранд. Бояд гуфт, ки имрӯз Шӯрои методӣ, иттиҳодияи фаннии методӣ ҳама бозмондаи даврони Шӯравӣ мебошанд ва ҳеҷ чизи наве эҷод нашудааст. Қисми аз мутахассисони омоданамудаи мактабҳои олӣ дониши паст доранд. Конспектро рӯбардор намуда, бо шогирдон гӯё дарси муосир баргузор мекунанд. Ҳангоми пешниҳоди вазифаи хонагӣ ба хонандагон  хондани чанд саҳифаро таъкид намуда, рӯбардор намудани онро супориш  медиҳанд. 
Амали судманд мебуд, агар аз ҳисоби мактабшиносони варзида як гурӯҳ созмон дода шавад, то  онҳо рафта аз давлатҳои соҳаи маорифашон пешрафта (Япония, Корея Ҷанубӣ…) таҷрибаомӯзӣ бикунанд ва дар татбиқи амалии низоми маориф дар кишвар замина бигзоранд. 
Парвина Лутфуллоева – корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ:
- Омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар таълимгоҳҳои кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳам  таълим суст ба роҳ монда шудааст ва ҳам омӯзгорон ба раванди машғулиятҳо ҷиддӣ муносибат намекунанд. Бинобар ин, таълими фанҳои мазкур дар мактабҳои миёна ва олии касбӣ бояд таҷдиди назар карда шавад…
Саида Набизода - сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон»:
- Дар ин мизи гирд намояндагон аз мактабҳои олие, ки омӯзгор омода мекунанд, инчунин, аз Вазорати молия, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм, аз ДҶТИБКСМ иштирок мекарданд, беҳтар мебуд. Устод М. Лутфуллоев дар як китобашон таъкид кардаанд, ки мо агар омӯзгори хуб мехоҳем, онҳоро бояд аз паси партаҳои мактабӣ ҷӯем. Яъне, дар ин гуфта сухан дар бораи интихоби касб меравад. Саволе ба миён меояд, ки чаро сусттарин довталаб ба мактабҳои олии омӯзгорӣ ба таҳсил меравад? 20 сол пеш дар миёни шогирдонам тавассути  анкета назарпурсӣ гузаронидам, ки ҳамон сол натиҷааш дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» чоп гардида буд. Касби омӯзгориро ҳамон нафароне интихоб карданд, ки қобилият ва дониши баланд надоштанд...
Ба масъалаи таҷрибаомӯзӣ муносибати ҷиддӣ бояд кард. Таҷрибаомӯзон дар мактабҳо бояд ба омӯзгорони собиқадору донишманд вобаста карда шаванд, то маҳорату малакаи муайяне ба даст оранд. Ба  интихоби кадрҳо низ эътибори ҷиддӣ дода шуда, ба вазифаи мушовирону роҳбарону иттиҳоди методӣ кадрҳои беҳтарин ҷалб карда шаванд. Дигар ин ки барномаҳои давлатӣ, ки ба такмили вазъи моддию техникӣ ва сифати таълим нигаронида шудаанд, пурра иҷро намегарданд.
Бибивахӣ Мирбобоева - корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ: 
- Ба мактабҳои камнуфус низ бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар онҳо синфхонаҳо ва маводи таълимӣ намерасанд. Мактабҳои камнуфус дар шароити кӯҳистон дар вазъи нохубе қарор доранд. Дар ин мактабҳо дар таълими хонандагон омӯзгорони ғайриихтисос машғуланд. Зарур аст, ки ба мактабҳои камнуфус шароит ба вуҷуд оварда шавад ва омӯзгорони соҳибихтисос ба таълими хонандагон ҷалб карда шаванд. 
Қурбоналӣ Зиёзода - корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон:
- Пешниҳод мекунам, ки гурӯҳҳои методӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, ба омӯзгорон ёрии методӣ расонанд. Аз санҷишу тафтишоти хӯрдагирона суде нест.
Фаридун Умарбек - корманди Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ: 
- Ман дар масъалаи мавриди назар чанд пешниҳод дорам:
Гарчанде ки нашри сеюму чоруми китобҳои дарсӣ рӯйи чоп омаданд, вале ҳанӯз ҳам мазмуну муҳтавои онҳо на ба он сатҳест, ки хонандагон ва падару модарони онҳоро қонеъ карда тавонад. Пешниҳод мекунам, ки ҳамин гуна як мизи гирд дар оянда ба нақша гирифта, ба масъалаи сатҳу сифати китобҳои дарсӣ нигаронида шавад. 
Дар нашрияи «Омӯзгор» баргузор намудани мизи гирд як анаъанаи хуб аст, ки рисолати худро муваффақона иҷро мекунад. Пешниҳодҳоеро, ки дар ин ҳамоишҳо садо медиҳанд, ниҳодҳои марбута бояд амиқ омӯзанд. 
Н. Нурализода: 
- Ҳар як мизи гирде, ки созмон дода мешавад ва муҳтавои он дар нашрия инъикос мегардад, аз тарафи масъулони соҳа  пайгирӣ хоҳад шуд. Мавзӯи мазкур дар сатҳи ноҳияву шаҳр  чӣ гуна қабул ва амалӣ мегардад, аз натиҷаи мизи гирд шаҳодат хоҳад дод. 
Х. Зиёӣ: 
- Гумон мекунам, пешни-ҳодҳое, ки дар суҳбати мизи гирд баён шуданд, воқеӣ ва  ҳадафмандона буданд ва умед дорем, ки дар бартараф намудани қисме аз камбудиҳо дар соҳаи маориф мусоидат хоҳанд кард.
Дар маҷмӯъ, метавон аз пешниҳодҳои мизи мудаввар оид ба сифати таҳсилот чунин натиҷагирӣ намуд:
Ба вуҷуд овардани шароити иқтисодӣ ва молиявии таъмини сифати таҳсилот, таълифи фарҳангҳои ихтисосӣ барои омӯзиши забонҳо, ба меъёр мувофиқ кардани хонандагон дар як синф, ба зергурӯҳҳо тақсим намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба пуррагӣ бо компютер таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар муассисаҳои таълимӣ, санҷишу назорати муассисаҳои таълимӣ, такмили фаъолияти  кабинетҳои методӣ, назорати мунтазам аз ҷониби гурӯҳҳое, ки падару модарон, ихтисосмандонро фаро мегиранд.
 
Насриддин ОХУНЗОДА