СИНФҲОИ 9 АЗ РӮЙИ 4 ФАН ВА СИНФҲОИ 11 АЗ РӮЙИ 6 ФАН ИМТИҲОНИ ХАТМ МЕСУПОРАНД

12-05-2020
Бо мақсади амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.04. 2020, №2к/38-25 ва аз 01.05.2020, №2к/43-24 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амалӣ намудани протоколҳои ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 06.05.2020, №1647 ба тасвиб расидааст. Аз ҷумла, дар фармоиш бандҳои зерин дарҷ шудаанд:
“1. Протоколҳои ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2020, №2к/38-25 ва аз 01.05.2020, №2к/43-24  ба роҳбарӣ гирифта шавад (замима мегарданд).
2. Таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда шавад.
3. Бо назардошти зиёда аз 83,7% аз худ шудани барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 май то 16 августи соли 2020 ба хонандагону омӯзгорон таътили тобистона эълон карда шавад.
4. Идомаи соли таҳсили 2019-2020 дар синфҳои 1-8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 17 августи соли 2020 оғоз карда шавад.
5.Соли таҳсил дар синфҳои 2 – 11 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда шавад:
5.1. Баҳои аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) дар асоси ҷамъбасти чорякҳо гузошта шавад;
5.2. Баҳои аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5- 8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона дар асоси ҷамъбасти сессияҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ ҷамъбаст карда шавад. 
6. Аттестатсияи хатм барои синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва барои синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз рӯйи 6 фанни таълимӣ баргузор карда шавад.
7. Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 15 то 24 июни  соли 2020 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад :
7.1. Барои синфи 9 (таҳсили рӯзона): «Адабиёт» (эссе)-15 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-17 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ) -19 июн, Физика” (шифоҳӣ)-22 июн;
7.2. Барои синфи 9 (таҳсили ғоибона) «Адабиёт» (эссе)-16 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-18 июн, “Физика” (шифоҳӣ) -20 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ)-22 июн.
8. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 15-24 июни соли 2020 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад:
8.1. Барои равияи умумӣ “Алгебра” (хаттӣ)- 15 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-18 июн, “Химия” (тест)- 20 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ-22 июн. “Таърихи халқи тоҷик”(тест)- 24 июн;
8.2. Барои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Алгебра” (хаттӣ) -15 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-18 июн, “Ҳуқуқи инсон” (тест)-20 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ -22июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-24 июн; 
8.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: “Алгебра” (хаттӣ)- 15 июн,  Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-18 июн, “Химия” (тест)-20 июн, “Физика” (шифоҳӣ)- 22 июн, “Геометрия” (шифоҳӣ)-24 июн;
8.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он: “Алгебра” (хаттӣ)- 15 июн,  Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-18 июн, “Химия” (тест)-20 июн, “Физика” (шифоҳӣ)- 22 июн, “Биология” (шифоҳӣ)-24 июн.
8.5. Барои синфи 12 (таҳсили ғоибона): “Химия” (тест)-15 июн, “Адабиёт” (эссе)-17 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-18 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-20 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ)-22 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-24 июн.
9. Ба директорони муассисаҳои таълимие, ки зиёда аз 3 синфи мувозӣ (параллелӣ)-и 9 доранд, иҷозат дода шавад, ки муҳлати аттестатсияи хатмро дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ 2 рӯз тамдид намоянд.
10. Аттестатсияи хатм дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Муассисаи таълимии назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ дар Тоҷикистон ва синфҳои таълимашон бо забони хориҷии мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқати мақоми ҷумҳуриявидошта тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи фармоиши мазкур аз рӯи маводи пешниҳоднамудаи ин муассисаҳо баъди мувофиқа бо Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. 
11. Ба директорони литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадов ва Муассисаи давлатии “Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ворисони Куруши Кабир” бо назардошти хусусияти таълими ҳарбӣ доштан муҳлати аттестатсияи хатм аз 15 июн то 24 июн муқаррар гардида, иҷозат дода шавад, ки бо қарори Шӯрои педагогӣ иловатан аттестатсияи тахассусӣ (то 2 фан) ворид намоянд.
12. Аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 (12) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси маводи пешниҳодкардаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. 
13. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида шуда, натиҷаи он барои ташхис ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо тавассути раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 1 июли соли 2020 пешниҳод карда шавад.
13.1. Муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестатсияи довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида, барои ташхис бевосита ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод намоянд.
14. Ба сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супорида шавад, ки ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аълои унверсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2014, №215) ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.05.2014, 11/2) ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод намоянд.
15. Ба Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ш. Ёрмуҳаммадзода) супорида шавад:
15.1. Муассисаҳои таҳсилоти умумиро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо маҷмӯи маводи аттестатсия барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (12) (корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тест) таъмин намуда, то 1.06.2020 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома пешниҳод намояд.
15.2. Нусхаҳои (вариантҳои) асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тестиро барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла ба равияҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ то 1 июн (ду ҳафта пеш аз аттестатсия) ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус дастрас намояд.
16. Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (Л. Иматова) вазифадор карда шавад, ки дар давоми 1 моҳ барнома ва нақшаҳои таълимиро барои идомаи таҳсили хонандагони синфҳои 2-8 ва 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз 17 августи соли 2020 оғоз мегардад, таҳия карда, ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намояд.
17. Ба  сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супорида шавад, ки аз натиҷаи ҷамъбасти солона, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар соли таҳсили 2019-2020 то 25 июли соли 2020 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд;
18. Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф  вазифадор карда шавад, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро бо назардошти пардохти иловапулиҳо дар давраи муваққатан боздоштани раванди таълим ва маблағгузории рухсатии меҳнатии навбатии кормандони муассисаҳои таълимӣ тибқи тартиби муқарраргардида муайян намояд.
19. Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Қ. Муҳиддинзода) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дастраси раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои таълимии махсус гардонад.
20. Сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” (Н. Нурализода) вазифадор карда шавад, ки фармоиши мазкурро дар нашрия ба табъ расонад.
21. Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.2020, №346 “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2019-2020, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит дониста шавад.
22. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ гузошта шавад.”
Фармоиш баъд аз имзо шудан ба тамоми раёсатҳои маорифи вилоятҳо ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия ирсол карда шудааст. 
Дар сурати зарурат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон метавонанд фармоиши мазкурро аз сомонаи Вазорати маориф ва илм-www.maorif.tj (саҳифаи “Санадҳо”, зерсаҳифаи “Фармоишҳо”) дастрас намоянд.