Сипари боэътимод

23-02-2018
Пас аз пошхӯрии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, барои пойдорӣ ва нигаҳдошти истиқлолият ва бехатарии  сарзамини аҷдодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъсиси сохторҳои  низомӣ ба миён омад.
Ҳаждаҳуми декабри соли 1992 бо имзои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Пас аз ду моҳ – 23 феврали соли 1993 дар майдони марказии шаҳри Душанбе аввалин гашти низомӣ баргузор гардид ва ҳамин рӯз дар рӯйихати санаҳои таърихии ҷумҳуриамон – Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ворид гардид. 
Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, ки ба онҳо Артиши миллӣ, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, қӯшунҳои дохилии  Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи Президентӣ дохиланд, тайи солҳо такомул ёфта, айни замон чун неруи тавоно, ҳифзи давлат ва осоиши кишварро таъмин менамоянд. 
Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ҳамчун зодаи истиқлолияти давлатӣ дар давраҳои хеле ҳассос ва шароити вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ таъсис ёфтааст. Пойдории истиқлолият, нигоҳ дош-тани ягонагии марзу буми  ҷумҳурӣ, ба эътидол овардани вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвар, пуштибонӣ намудан аз қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини  Артиши миллӣ мебошад. Ҳимояи Ватан ва манфиатҳои  миллӣ Тоҷикистони тозаистиқлолро водор сохт, ки баҳри таъсиси Артиши миллии тавоно тамоми тадбирҳои заруриро андешад. 
Мақсади асосӣ дар давраи аввали эъмори Артиши миллӣ ташкил кардани ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти  осоиштаро дошта бошад. Бо ин мақсад бригада ва баталонҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо бартараф  кардани  муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ  ва  муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.
Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ ба монанди қувваҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра, ҳамчунин, ҷузъу  томҳое, ки тавонанд мутобиқи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ – сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд. 
Давраи сеюми барқароркунии  Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд.
Бояд хотирнишон сохт, ки  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторест, ки баъди барҳам хӯрдани абарқудрати Шӯравӣ бе гирифтани ягон мерос ба ҳастии хеш оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки рисолати касбии худро ба ҷо орад. Имрӯз он ба яке аз артишҳои пурқуввати замон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфтааст. 
Ҳотами Ҳомид