Ситораи Кристина

12-03-2018
Дар вақташ Кристина Орбакайте сарояндаи дӯстдоштаи оилаи осудаҳоли онҳо буд. Бинобар ин, вақте ки дар оила духтарчаи нозукандоме таваллуд шуд, ба умед Кристина номаш гузоштанд. 
Баъд ба зиндагиашон чашм расид: бобои афсараш дар ҷанги Афғонистон ҳалок шуд, баъди чанде падараш- хизматчии ҳарбии дивизияи Россия дар ҷангҳои дохилӣ ҳалок гардид, барояшон нафақаи ночизе муайян карданд. Модари дилшикастаи Кристина аз баҳри ҳама чиз баромада, ба куҷое рафт ва то ҳол маълум нест… Кристинаи чорсола бо бибикалон монд, бибияш ва наздикони дигараш ба Россия кӯч бастанд. Бибикалон Галина Иосиповна, ки аз касби омӯзгорӣ ба нафақа  баромада буд, дар толори варзишии назди хонаашон ба кори навбатдорӣ гузашт. Бибикалон, барои он ки танҳо намонад, абераро бо худ мегирифт ва Кристинаи панҷсола соатҳо аз варзишгарон чашм намеканд, бештар ҳунарнамоии акробатҳо ба ӯ писанд буд. Устоди мактаби варзишии наврасону ҷавонони №8-и шаҳри Душанбе Роҳила Саидова духтараки резаустухони шармгинро ба мушоҳида гирифта, дилаш ба ин ятимак месӯхт, ниҳоят, ӯро ба гурӯҳаш ҷалб намуд. Инак, зиёда аз  даҳ сол мешавад, ки толори варзишии мазкур хонаи дуюми Кристина гаштааст. Кристина дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба акробатика соҳиби ҷойи аввал гардида, меъёри устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро ба ҷо овард. Дилбастагӣ ба тамрин, комёбиҳои ин духтараки чаққону сахтирода аз назари устоди варзиши чинии ушу Солиҷон Салоҳиддинов, ки низ дар ҳамин толор фаъолият дошт, пинҳон намонд, ӯро ба маҳфили худ ҷалб намуд. Дар панҷ сол Кристина дар ин риштаи варзиш низ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Дар ин навъи варзиш низ меъёри устоди варзиши ҷумҳуриро иҷро кард. Соли гузашта муддати як моҳ дар Чин дар тамрину мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, маҳз ҳамон вақт дарк кард, ки барои пай бурдани асрори варзиши чинӣ бояд ин забонро омӯзад. Ин аст, ки дар маркази таълимии Конфутсийи назди ДМТ ба омӯзиши забони чинӣ пардохту ҳоло ин забонро ба дараҷаи кофӣ медонад. Рӯзе, ки Кристинаро расм мегирифтанд, мушоҳида кардам медалу дипломҳои сершумори ӯро ҷойи гузоштан набуд. 
 Кристина Желтовская дар синфи 11-и гимназияи №74-и пойтахт бо баҳои хубу аъло мехонад. Бибикалонаш ба қарибӣ дар қабули вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид буд. Масъалаи пешомади Кристинаро баъди хатми гимназия муҳокима карданд. Ба хулоса омаданд, ки духтарчаи чемпион минбаъд беҳтар аст дар Донишкадаи тарбияи  ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил намояд.
Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА,
корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон