СОХТМОНИ 181 БИНОИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ

14-04-2020
Иқтибос аз маърӯзаи ҳисоботии вазири маориф ва илм «Доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020», ки 10-уми апрели соли 2020 дар ҷаласаи мушовара садо дод.
 
Дар соли 2020 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 181 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 53811 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 6 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муасисаҳои таълимӣ барои 2355 ҷойи нишаст бо маблағи 53 млн. 296 ҳазор сомонӣ ва 1 адад муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак бо маблағи 1,5 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Аз ин лиҳоз, раёсати сохтмони асосӣ вазифадор карда мешавад, ки иҷрои нақшаи сохтмони асосӣ ва ба истифода додани иншооти соҳаи маорифро, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мегардад, то охири соли ҷорӣ таъмин намояд.