Сохтмони боз 3 мактаб аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин

13-07-2018
13-юми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии созишнома байни Корпоратсияи «Power China»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Саид Нуриддин Саид, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин, муовини директори корпоратсияи «Power China International Group Limited» дар минтақаи Аврупо ва Осиё Чэн Шисзюя, директори минтақавии Ширкати Бюро Синохидро 16 дар Осиёи Миёна Ван Чжунпан, дигар меҳмонони расмӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, масъулини вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои оби кишвар ширкат варзиданд.    
Зимни суҳбат қайд гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2007 ба роҳ монда шудааст, ки  хеле назаррас мебошад. 
Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  бо ҳам кишварҳои бародар, дӯст, ҳамсоя ва шарикони стратегӣ мебошанд ва боиси ифтихори мардуми Чин аст, ки мардуми тоҷик таваҷҷуҳи зиёд нисбат ба забон, илм ва фарҳанги чинӣ доранд, бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин омодааст барои ҳамкорҳои нав ба нав чораҳои судманд андешад.
Нуриддин Саид-вазири маориф ва илми кишвар иброз дошт, ки дар сатми маориф ва илм то имрӯз миёни ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расидааст ва ҳамкориҳо бо вусъат идома доранд. Аз ҷумла, ҳамкориҳои дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо донишгоҳҳои Тоҷикистон, ба мисли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бомаром идома дорад.
Инчунин, дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон марказҳои илмию фарҳангии «Конфутсий» фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои халқи Чинро меомӯзанд. Ҳамзамон, бо ибтикори марказ ҳар сол омӯзгорони зиёде аз донишгоҳ ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ бо мақсади андӯхтани таҷрибаи пешқадам, ширкат дар семинар, конфронс, симпозиумҳои байналмилалӣ ва курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ба шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар асоси санадҳои дар боло зикргардида, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси солонаи забономӯзӣ, зинаҳои бакавлариат, магистратура ва аспирантураи (PhD) донишгоҳхои ин кишвар, бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо карда мешавад ва сол то сол шумораи довталабони тоҷик меафзояд.Айни замон, дар 112 муассисаи таҳсилоти олии Чин наздик ба 3000 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. 
Инчунин, зимни суҳбат қайд карда шудааст, ки то имрӯз аз тарафи ширкатҳои Чинӣ 7 мактаб сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳар як мактаб бо таҷҳизот таъмин  шудаанд. Ин  мактабҳо барои  640 нафар  ҷойи нишаст омода ва ба истифода дода шудаанд, ки дар маҷмӯъ 12000 ҷойи нишастро ташкил медиҳанд.
Дар идомаи суҳбат Абдуворис Эшонов – директори ҶДММ «Абрис» лоиҳаи мактабҳоро муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта шуд.
Дар охир маросими баимзорасии созишнома байни Корпоратсияи «Power China»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки тибқи он як муассисаи таълимӣ барои 640 ҷои нишаст дар ноҳияи Данғара, ва ду муассисаи таълимӣ барои 320 нафарӣ дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд сохта мешаванд.
 
 Нафиса Муминова- корманди
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм