СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ САОДАТИ МОСТ

08-09-2022
Имрӯз ба ифтихори 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Соҳибистиқлолӣ саодати мост ”доир гардид.
Конфренсияи бо сухани муқаддимавии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ оғоз ёфта, мавсуф зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Маҳз ба шарофати соҳибдавлатии тоҷикон имрӯз кишвари мо бо 195 давлатҳои хориҷӣ робитаи дипломатӣ дошта, сол аз сол кишвари моро чун миллати қадима, тамаддунофар ва аз лиҳози зебогӣ беҳтарин мешиносанд.
Дар баромади раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зикр шуд, ки 31 соли истиқлоли давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда вобастаанд.
Доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев дар мавзӯи “"Истиқлолият ва татбиқи сиёсасти ҷавонон дар Тоҷикистон" мулоҳизаронӣ намуда, баён дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.
Номзади илмҳои техникӣ, декани факултети сохтмон ва нақлиёт Ҳусейнҷон Қаландаров дар бораи рушди энергетикаи кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ маърӯзаи илмӣ намуда,  аз ҷумла афзуд, ки мо дар ёд дорем, ки баҳри таъмини аҳолии куҳандиёри тоҷик бо неруи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону ба истифодадиҳии як қатор иншооти бузурги тавлидотии   нерӯи барқ  ба роҳ монда шуд, ки дар сархати ин феҳраст номи неругоҳи барқи обии “Роғун” қарор дорад. Истиқлоли давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ ифтихори ҳар яки мо шаҳрвандони  Тоҷикистон  мебошад. Маҳз дар ҳамин давра  мо ҳамзамон  бо ташаккули ҷомеаи демокративу  ҳуқуқбунёд ба  муваффақиятҳои  бузург дар соҳаҳои  иқтисод, аз он ҷумла электроэнергетика ноил гардидем. Дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 20 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,9 млрд.доллари ИМА татбиқ гардиданд, ки нишонаи возеҳи пешрафти соҳа аст.
Дилафрӯз Саидӣ дар интиҳои қисмати расмии чорабинӣ аз нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҷиҳати омодакунии мутахассисони варзида, саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат сухан ронда, таъкид дошт: “Имрӯз вақте фаро расидааст, ки мо бори дигар садоқатамонро ба сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои азими меҳнатӣ ва мавқеи устувор нишон диҳем.” 
Дар охири чорабинӣ ба якчанд нафар фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим гардид ва дар қисмати фарҳангӣ шогирдони донишкада дар васфи истиқлолу озодӣ шеъру таронаҳо сароиданд.