СОМОНАИ ЭЛЕКТРОНӢ – ДАСТЁРИ БЕМИННАТИ ОМӮЗГОРОН

26-06-2020
   Дар «Барномаи давлатии амалӣ намудани  технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» масъалаи таҳия ва ба ҷараёни таҳсилот ба таври васеъ ворид намудани воситаҳои таълимии электронӣ ва ҳамоҳанг намудани онҳо бо воситаҳои таълимии анъанавӣ, ҳамчунин, таҳияи  технологии коркарди ин васоит дар мадди аввали назар қарор  дода шудааст. 
   Дар боби «Самтҳои асосии амалӣ намудани барнома» дар радифи дигар масоил ба таҳияи маводи таълимии электронӣ – рақамӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Барнома таҳияи маводи электронӣ, аз ҷумла, бунёди маводи таълимии электрониро бо забони давлатӣ барои ҳамаи фанҳо дар бар гирифтааст. Ҳамчунин, дар доираи ислоҳоти раванди таълим, навсозии мазмуни он, усул ва шаклҳои ташкили ҷараёни таълим зарурати якҷоя намудани маводи электронӣ бо воситаҳои таълимии анъанавӣ ба миён меояд.
   -Дар доираи барнома, -мегӯяд директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми кишвар Киромуддин Назарзода,  - инкишофи захираҳои сомонаҳои таҳсилотӣ барои низоми таълими иловагии хонандагон вобаста ба барномаҳои гуногуни эҷодиёти кӯдакону наврасон, таҳкими заминаҳои моддии муассисаҳои таълимии иловагӣ, ки барои гузаронидани корҳои беруназсинфӣ муҳим мебошад, ба  назар гирифта мешавад. Ҳамбаста ба ин, бо мақсади сохтани муҳити самараноки иттилоотӣ –таълимии педагогӣ дар торнамои таълимӣ, коркард ва санҷиши таҷрибавии мавод, ба монанди китобҳои электронӣ, дастуру китобҳои методӣ, маълумотнома, бозиҳои инкишофдиҳандаи зеҳн, мавод барои омӯзиши васеи забонҳои хориҷӣ, тестҳо, маводи ташхисӣ, модулҳо барои таҳсилоти олии педагогӣ ва ғайра гузаронида мешавад. Бояд зикр намуд, ки маводи таълимӣ, дастури таълимии электронӣ, энсиклопедияи  мултимедии муассисаи таълимӣ ва дигар сарчашмаю маъхази иттилоотӣ, корҳои лаборатории  электронӣ, маҷмӯи омӯзишӣ барои кори мустақилонаи хонандагон, супоришҳои санҷишӣ-тестӣ ва матолиби методиро барои омӯзгорон дар бар мегирад. Ба таъкиди К.Назарзода, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатӣ марказ нақша- чорабиниҳои вижаи худро коркард ва таҳия намудааст, ки дар он масоили дар боло зикршуда, аз ҷумла, таҳияи маводи таълимии электронӣ барои ҳамаи фанҳо, харид ва мутобиқсозии маводи таълимии электронӣ, ташкили торнамои таҳсилоти фосилавӣ бо маводи  мазкур, таҳия ва роҳандозии шабакаи ягонаи иттилоотии соҳаи маориф, таъсиси торнамои ягонаи таълимӣ дар заминаи маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Вазорати маориф ва илм, ки дар реҷаи он-лайн ва оф-лайн дастрас аст, инъикоси худро ёфтааст. Дар ҳамин замина, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммунинкатсия сомонаи электронии худро таъсис додааст, ки дар он барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи маориф, қарору фармонҳо, дастурҳо, маълумоти оморӣ доир ба технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, истифодабарии васоити техникии нави муосир, шаклҳои электронии китобҳои дарсӣ (аз синфи 1 то 11), китобҳои бадеӣ, аз ҷумла, асарҳои бадеии бачагона, дар маҷмӯъ, тамоми китобҳое, ки дар Китобхонаи миллии ҷумҳуриявӣ маҳфузанд, ҷой дода шудаанд. Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар метавонанд аз сомонаи марказ ба таври самаранок истифода  намоянд. Ҳамзамон, бори аввал шакли электронии китобҳои дарсӣ (аз синфи 1 то 11) дар шакли форматӣ ипаб  (ерив), ки шакли универсалӣ маҳсуб меёбад, омода гардида, омӯзгорону хонандагон  ва умуман, шаҳрвандон имкон доранд, чунин шаклро дар телефонҳои мобилӣ, планшет, ноутбук ва дигар намуди дастгоҳҳои техникӣ истифода намоянд.
   Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» дар сомона корҳои лабораторӣ тибқи барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои химия, физика, биология, анатомия… ҷойгир кунонда шудаанд, ки дар маҷмӯъ, 800 маводро дар бар гирифтааст. Барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам намунаи дарсҳои таълимии омӯзгорону устодон (видеофилмҳо) аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ (аз ҳамаи фанҳо мавҷуд аст. Аз китобҳои бадеӣ ва бачагона бо ворид гардидан ба сомона хонандагони муассисаҳои таълимӣ озодона истифода карда метавонанд. Ба ҷуз ин, тавассути сомона, тариқи он-лайн ҳисоботи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар хусуси амалҳои анҷомдодаашон дар доираи Барнома ба марказ ирсол карда мешавад. Чунон ки хабар дода шуд, дар сомонаи марказ намунаи электронии 224 адад китоби дарсиву бадеӣ дар шакли ЗD ҷойгир карда шудааст. Аз  шумораи умумии 224 адад китоби электронии шакли ЗD 166 ададашро китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1-11 ва 58 адади дигарро китобҳои бадеӣ ташкил медиҳанд. Ба ин китобҳо  метавон тариқи зерсаҳифаи «Китобҳои электронӣ дар шакли ЗD»-и саҳифаи «Китобҳо»-и сомонаи Вазорати маориф ва илм дастрасӣ пайдо кард. Бояд таъкид кард, ки баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус (Ковид-19) аз ҷониби марказ барои ташкил ва баргузор намудани маҷлисҳои умумӣ, семинар ва конфронсҳо дар реҷаи он-лайн дар торнамои Zoom ба  раёсат ва шуъбаҳои маориф пешниҳод карда шуд. Кормандони марказ баҳри истифодаи васоити техникии муосир, аз ҷумла, кор бо сомонаи электронии муассиса, дар маҷмӯъ, иҷрои бандҳои Барнома баргузории семинар-конфронсҳоро марҳала ба марҳала дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо иштироки омӯзгорону устодон роҳандозӣ менамояд. 
    Соли ҷорӣ 4145 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд. ҳамчунин, семинари дурӯза барои омӯзгорон ва кормандони техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар масъалаи истифодабарии технологияи муосир (тахтаи электронӣ, видеопроекторҳо ва маводҳои электронӣ) дар раванди таълим, таъсиси китобхонаҳои электронӣ ва  почтаҳои электронӣ ташкил ва баргузор карда шудааст. Дар умум, марказ ва зерсохторҳои он барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштан ва истифода намудани васоити технологии иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 1832 адад компютер ва 86 адад принтерро таъмир карда, 47 адад тахтаи электронӣ ва видеопроекторро бо барномаҳои махсус насб намуд. Мутаассифона,  масъалаи таъсиси сомонаю почтаҳои электронӣ дар шаҳру навоҳии кишвар дар ҳоли ташвишовар қарор дорад.
   -Бахши аъзами раёсату шуъбаҳои маориф то имрӯз сомонаи расмии худро надоранд,-мегӯяд К.Назаров. - Дар ин самт норасоии мутахассисони ҳирфаӣ (барномасозон, систематехникҳо), омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ (аксари онҳо ғайри ихтисосанд) низ ба пешравии кор латмаи ҷиддӣ ворид мекунад. Сарварони раёсату шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ мавҷуд набудани шабакаи интернетро баҳона карда, аз пайи  таъсиси сомонаю почтаҳои электронӣ намешаванд. Масъалаи асосӣ ҳамоно  ҷудо нагардидани маблағ барои ташкили почтаи электронию сомонаҳо маҳсуб меёбад. Ба сабаби ҷудо накардани маблағҳо дар сметаи хароҷотии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои молияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъсиси сомонаҳои электронӣ ба мушкили аввалиндараҷа табдил ёфтааст.
 
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»