СУҲБАТУ МАШВАРАТ БО ИШТИРОКЧИЁНИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

12-06-2024
12-уми июни соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо иштирокчиёни семинари омӯзишии татбиқи низоми баҳогузории 10-хола вохӯрӣ карда, бо онҳо суҳбату машварат доир намуд.
Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм вобаста ба нуктаҳои гуногуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ибрози назар намуда, қайд кард, ки таъкидҳои Сарвари давлат зимни ин мулоқот барои мо, кормандони соҳаи илму маориф дастурамали навбатӣ барои ислоҳи мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи илм ва маориф маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи дониш, малака ва маҳорати амалии хонандагон имрӯз аз муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маориф буда, гузариш ба низоми баҳогузории бисёрхола яке аз самтҳои асосии татбиқи ислоҳоти соҳа ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон чунин таъкид доштанд: “Ба мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад” иброз дошт вазири маориф ва илм.
Ба хотири мувофиқ ба стандартҳои миллӣ намудани низоми 10-холаи баҳогузорӣ лозим аст, ки дар семинарҳои омӯзишӣ омӯзгорону мутахассисони варзида ҷалб карда шаванд ва фикру андеша ва пешниҳодҳои онҳо мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар навбати худ ширкаткунандагони семинар иброз доштанд, ки низоми 10-холаи баҳогузорӣ имкон медиҳад, ба дониши воқеии хонандагон баҳои мувофиқ гузошта шавад ва онҳо ба омӯзиш бештар ҳавасманд гарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ва дастгирии молиявии лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе бо мақсади ба роҳ мондани баҳогузории бисёрхола тибқи талаботи “Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ дар се марҳила аз санаи 10.06.2024 то санаи 20.06.2024 бо иштироки омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва омӯзгорони синфҳои болоӣ баргузор гардида истодааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикиситон