СУҒД: ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

21-05-2022
21-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара таҳти раёсати вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсат, шуъбаю бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорону мудирон ва кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, мудирон ва директорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят иштирок намудан.
Тибқи рӯзнома, нахуст, дар ҷаласа вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашти вилояти Суғд бо пешниҳод гардидани гузоришҳои муфассал аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузориши Қ.Муҳиддинзода–сардори бахши таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Ашт гузориши Ҷ.Амиров-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Гулистон гузориши Р.Мирзозода-директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ гузориши ДИ-корманди Пажуҳишгоҳи рушди маориф, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов гузориши С.Туронов-муовини директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф, оид ба вазъи соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузориши М.Сироҷов-сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, оид ба вазъи соҳаи моарифи ноҳияи Спитамен гузориши А.Орифов-мудири шуъбаи омӯзиши фанҳои дақиқ вва табиии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Конибодом гузориши М.Одилова-сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, оид ба вазъи соҳаи моарифи шаҳрҳои Бӯстон ва Истиқлол гузориши М.Давлатова-муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ, оид ба вазъи соҳаи моарифи шаҳри Исфара гузориши В.Исмоилов-сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ва оид ба вазъи соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд гузориши З.Назруллозода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо, дар баробари муаррифии дастовардҳо, бештар ба проблемаву мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳ шуда, вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмии нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва технологияи муосир, дастрасии ҳатмию саривақтии имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон, истифодаи мақсадноки биноҳои таълимию заминҳои наздимуассисавӣ, сари вақт аз курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон, ҷалби хонандагон ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳою марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, бо истифода аз иштироки муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм Р.Саидзода даъват ба амал овард, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, тадбирҳои саривақтию мушаххас роҳандозӣ карда шавад.
Дар охир ба сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашти вилояти Суғд дастур дода шуд, ки проблемаву мушкилот ва камбудиҳои зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ошкоргардида дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда шуда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот манзур карда шавад.